Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми феврал ду заминларза шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон такон дод. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, маркази заминларза дар наздикиии шаҳри Ваҳдат -- канори пойтахт мебошад.
Ба гуфтаи хонум Юсупова, заминларзаи аввал соати 6:26 ба вақти маҳаллӣ ва ҷунбиши дуввум даҳ дақиқа пас аз он рух дод. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ларзиши аввали замин дар Душанбе бо қувваи 2 балл ва дуввумӣ бо қувваи 3 балл рух додааст. Мақомот мегӯянд, заминларзаи мазкур харобие дар пай надоштааст.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.