Қарор аст ҷашни калони Наврӯз рӯзи 20-уми март дар майдони марказии шаҳри Норак бо ҳузури президенти Тоҷикистон баргузор шавад. Ба гуфтаи Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси шаҳри Норак, омодагиҳо барои баргузории ҷашн шурӯъ шуда, қарор аст "12 ҳазор сокини шаҳри Норак ва ноҳияҳои атрофи он", дар таҷлили ид ҷалб шаванд.
Ҷашнҳои калони наврӯзӣ дар Тоҷикистон маъмулан бо ҷалби ҳазорҳо мактабиёну донишомӯзон баргузор мешавад, ки барои ширкат дар барномаи чандсоатаи тафреҳӣ ва театрикунонидашуда ҳафтаҳо пеш аз ид дар соатҳои дарсӣ ё баъдидарсӣ ба машқу раҳпаймоиҳо ҷалб мешаванд. Ин мавзӯъ ҳамеша боиси интиқод дар матбуот шудааст.
Шаҳло Ҳасанзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми феврал гуфт, "танҳо аз Норак 4 ҳазор сокинон барои пешвоз ва таҷлили Наврӯз ҷалб шуда, аз ноҳияҳои дигар 8 ҳазор нафари дигар ҷалб мешавад. Аллакай мардум дар шаҳру деҳаҳо барои пешвози ҷашни Наврӯз корҳои ободониро шурӯъ кардаанд",-афзуд Шаҳло Ҳасанзода. Дар ташкили барномаи тафреҳии наврӯзӣ қарор аст 8 ҳазор донишҷӯ аз донишгоҳҳои Данғараву Бохтар ва Ёвон ҳам ҷалб шаванд.
Будҷаи ташкили ҷашни Наврӯзи соли 2019 ошкор намешавад, вале дар гузашта матбуот навишта буд, ки хароҷоти ташкили ҷашн миллионҳо сомониро ташкил медиҳад. Соли 2012, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Тоҷикистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз буд, ҳукумат барои навсозии "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе аз ҳисоби будҷа беш аз чаҳор миллион сомонӣ харҷ кард.
Таҷлили расмӣ аз Наврӯз ҳар сол дар ҳар минтақаи кишвар бо ҳузури президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар баробари Хуҷанду Хоруғ ва минтақаи Рашту Кӯлоб, Душанбе ҳам чанд дафъа мизбони ҷашни асосии Иди Наврӯз будааст.
Ҷашни калон як сол баъди ҳодисаҳои хунини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ташкил мешавад, ки масъулияти онро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт. Ҳамлаварон дар навори видеоии пеш аз ҳодисаи террористӣ, ки ҷони чор туристи хориҷиро гирифту ду нафарро маҷрӯҳ кард, дар баландтарин нуқтаи Норак савганд ёд карданд. Исми Норак дар бисёр хабару гузоришҳои ҷаҳонӣ дар робита бо ҳамин ҳодисаҳо расонаӣ шуд.
Вале як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумат гуфт, интихоби Норак ба унвони макони ташкили ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯз бесабаб нест. Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии дар Норак таҷлил шудани Наврӯз дар он аст, ки вақте моҳи ноябри соли гузашта президент дар маросими чархаи аввали НБО Роғун ширкат карда бо коргарони он сӯҳбат дошт ва вақте фаҳмид аксари сохтмончиён сокинони шаҳри Норак ҳастанд, гуфт иди Наврӯзро имсол дар Норак таҷлил мекунад".
Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид соли 2016 дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ "таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ"-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад.
Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.