Ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шудааст. Дар ин бора 18-уми феврал Далери Абдуллоҳ, сухангӯи намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи вай, "бинобар зиёд гардидани тармафароӣ ва давомдор будани боришоти барф айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд". Аз аввали соли ҷорӣ ин бори севум аст, ки ҳаракат дар ин ҷодаи мошингард, ки марказ ва шимоли Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, барои муддате қатъ мешавад.
Ба иттилои Далери Абдуллоҳ, танҳо аз аввали моҳи феврал дар ин масир 185 тарма фаромадааст. Ҳафтаи қаблӣ як корманди ин ширкат зери ин тармаҳо дар наздикии нақби "Истиқлол" ҷони худ аз даст дод. Аз соли 2009 то ба ҳол 9 корманди ширкати IRS зимни тоза кардани ин роҳи мошингард аз барфу тарма ҷони худро аз даст додаанд.