Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба руҳониёни тоҷик дарси сиёсати давлатӣ медиҳанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маркази исломии Тоҷикистон мегуяд, давраҳои омузишӣ барои муллоҳо ва руҳониёнро шуруъ кард ва ба онҳо доир ба мавзуҳои сиёсати давлатӣ, пешгирии зӯроварӣ дар хонавода, ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон дарс мегӯянд.

Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим рӯзи 14-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, дар марҳилаи аввал 72 рӯҳонӣ дар давраи омӯзишӣ ширкат карданд.

Дар ҷараёни ин давраҳо, “доир ба мавзӯҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқҳу озодиҳои динии шаҳрвандон, аҳамияти китоби “Фиқҳи акбар” ва “Васиятнома”-и Имоми Аъзам, таҳаммулпазирии ва ҳамзистии осоиштаи адён, дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи дин, пешгирӣ аз зӯроварию хушунат дар оила ва дигар масоили ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа“ табодули назар сурат гирифтааст.

Кумитаи дин мегӯяд, ки барои рӯҳониён аз ҷумла имомхатибони масҷидҳо аз дигар манотиқи кишвар чунин давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунад.

XS
SM
MD
LG