Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав бунёдгузори амрикоии як ширкати сармоягузор боздошт шуд


Майкл Калви аз чап
Майкл Калви аз чап

Бунёдгузори амрикоии ширкати сармоягузори “Заход Востока” дар шаҳри Маскав боздошт шуда ба ӯ иттиҳоми даст доштан дар тақаллуб дар ҳаҷми бисёр калон таҳдид мекунад. Майкл Калви қарор аст дар додгоҳи ноҳияи Басманний рӯзи 15 феврал барои шунидани ҳукми додгоҳ дар заминаи боздошт шуданаш ҳозир шавад. Калви рӯзе аз ин пеш ҳамроҳ бо панҷ нафари дигар, аз ҷумла, ду мақоми ширкат боздошт шуд ва ба онҳо ҳам иттиҳомоти монанд ба ин таҳдид мекунад. Ба иттилои Интерфакс, парвандаи Калви ба баҳси ширкат бо “Восточный банк” бармегардад. Ширкати “Заход Востока” 52,5 дар сади саҳмияҳои бонкро дар ихииёр дорад.

XS
SM
MD
LG