Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ишқобод "бозорҳо"-и мардикорон зиёд шуд


Дар наздикии боғча, мактаб ва корхонаву муассисаҳои шаҳри Ишқобод то рафт теъдоди афроди дар ҷустуҷӯи кори бештар мешавад. Ҳамчунин шумори эъломҳои ҷустуҷӯи ҷойи кор низ дар назди манзилҳои зист афзудааст. Дар ин бора рӯзи 15 феврал бахши Туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ин вазъ дар пасманзари дастури раҳбарияти Туркманистон барои 15 дарсад кам кардани шумори ҷойҳои корӣ дар бахшҳои фарҳанг ва маориф мушоҳида мешавад. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ахиран фармони якҷоя кардани чанд вазорат ва аз нав таъсис додани як қатор корхонаву муассисаҳои давлатиро имзо кард.

"Тақрибан дар назди ҳамаи боғчаҳои пойтахт, аз ҷумла дар назди боғчаи 112-и маҳаллаи "Парахат-2" ва боғчаи 108-и маҳаллаи "Сулҳ-1" субҳ, аз соатҳои 7 то 9 занон ҷамъ мешаванд. Онҳо ба волидон пешниҳод мекунанд, ки бар ивази маблағ субҳ фарзандонашонро ба боғча мебаранд ва бегоҳ бармегардонанд", - гуфт хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 13 феврал.

Ба гуфтаи хабарнигор, дар миёни онҳое, ки кор меҷӯянд, вақтҳои охир номзадҳои илм низ мушоҳида мешавад. "Онҳо ба мактабҳо рафта мегӯянд, ки омодаанд дарс диҳанд", - иттилоъ дод хабарнигор бо истинод ба мудирони як қатор мактабҳои пойтахти Туркманистон.

Гузоришҳои видеоӣ

Марги ду тоҷик дар амалиёти ниҳодҳои амниятии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00
XS
SM
MD
LG