Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи хориҷиро аз Остона ба Киев ихроҷ карданд. ВИДЕО


Ду нозири созмони Федератсияи Итолиё дар умури ҳуқуқи инсон - шаҳрвандони Украина Людмила Волошина ва Валерий Явтушенкоро рӯзи 15 феврал аз шаҳри Остона ба Киев ихроҷ карданд.

Мақомоти Қазоқистон онҳоро дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират айбдор намуданд.

Волошин ва Явтушенко нимаи дувуми рӯзи 14 феврал дар шаҳри Остона боздошт шуда буданд. Навори боздошти ҳомиёни ҳуқуқро вакили дифоъ Толеген Шаиков дар Фейсбук нашр кард.

Наздики соати яки шаб ду ҳомии ҳуқуқро аз идора пулис берун ва зоҳиран ба додгоҳ бурданд.

"Масъулони консулгариро иҷозаи вуруд ба назди ҳомиён надоданд. Ин поймолсозии возеҳи Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аст. Мо дар робита ба ин ҳодиса нотаи махсус таҳия кардаем", - гуфт консули сафорати Украина Иван Алмашӣ.

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа додгоҳи Остона қарори ихроҷи ду ҳомии ҳуқуқро содир кард. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ду шаҳрванди Украина "бо ҳадафи корӣ" вориди Қазоқистон шудаанд, дар ҳоле, ки дар ҳуҷҷатҳо ҳадафи онҳо "хусусӣ" нишон дода шудааст.

Созмони Федератсияи Итолиё дар умумри ҳуқуқи инсон мегӯяд, ду ҳомии ҳуқуқ барои мулоқот бо раиси пешини додгоҳи шаҳри Актау Малик Кенҷалиев вориди Қазоқистон шуда буданд. Кенҷалиев мегӯяд, баъди содир кардани ҳукми сафедкунанда дар робита ба парвандаи як сокини маҳаллӣ таъқиб мешавад. Раиси пешини додгоҳ сокини маҳаллӣ Ойгул Оқбердиеваро сафед кард, ки дар "даъват ба ғасби ҳукумат" айбдор мешуд.

XS
SM
MD
LG