Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори ду комиссиюни интихоботии Афғонистон мавриди таҳқиқ қарор гирифт


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки аз рӯи иттиҳоми сӯиистифода шудани мақоми аъзои ду коммиссиюни интихоботии ин кишвар дар ҷараёни интихоботи сартосарии соли гузашта таҳқиқот шурӯъ шудааст. Додситонии кулли Афғонистон рӯзи 12 феврал гуфт, ки дар паи ин иттиҳомот 12 узви Комиссиюни мустақили интихоботӣ ва ҳам Комиссиюни мустақили шикоятҳои интихоботӣ аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ба мақомдорони собиқ инчунин амр шуд, ки кишварро тарк накунанд.

Дар паи интихоботи моҳи октябри порсол мақомоти интихоботӣ шадидан мавриди интиқод қарор гирифтанд ва дар миёни ин танқидҳо муассирии ками кори онҳо, набуди кормандони интихоботӣ дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ ва ҳам набуди маводи интихоботӣ зикр мешуд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 15 вилоят ҳанӯз эълон нашудааст. Ин таҳаввулот дар остонаи интихоботи президентии Афғонистон сурат мегирад, ки моҳи июл барпо хоҳад шуд.

Рӯзи 12 феврал дафтари президенти Афғонистон эълон кард, ки ҳамаи аъзои ин ду комиссиюн ба хотири тағйирот дар қонун аз мақомҳояшон озод мешаванд. Ва ин дар ҳоле буд, ки 11 феврал Комиссиюни мустақили интихоботҳо ҳукумати Афғонистонро дар мудохила ба ҷараёни интихоботҳо гунаҳгор кард.

XS
SM
MD
LG