Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсим шудани ширкати "Барқи Тоҷик" ба таъхир афтод


Таҷдиди ширкати "Барқи тоҷик" ба таъхир афтодааст. Қарор буд ин ширкат то охири соли 2018 ба ду ширкати алоҳида таъсис ёбад.

Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик", рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, раванди таҷдиди ширкат ба таъхир афтодааст. Ба гуфтаи Маҷидзода, сабаби аслии таъхир дар таҷдиди ширкат, ин тӯл кашидани баррасии санадҳо дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мебошад.

Феълан як гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон таҷдиди ширкати "Барқи тоҷик"-ро амалӣ мекунанд. Масъулини ширкат мегӯянд, ин гурӯҳи корӣ то охири соли гузашта танҳо масъалаҳои асосиро диданд ва таҷдиди ширкат дар вақти муқарраршуда амалӣ нашуд. Феълан маълум нест, ки ширкати "Барқи тоҷик" кай ба ширкатҳои алоҳида тақсим мешавад.

Қарори ҳукумат барои таҷдиди ширкати “Барқи тоҷик” моҳи апрели соли гузашта содир шуд.Дар ин қарор раиси ҷумҳур ба вазорату идораҳои кишвар дастур дода буд, ки дар тӯли се моҳи оянда дар заминаи "Барқи тоҷик" ҷамъияти саҳомии "Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ" ва "Шабакаҳои тақсимкунандаи барқ"-ро таъсис бидиҳанд.

Бо иҷро шудани ин қарор худи ширкати "Барқи тоҷик" ба истеҳсоли нерӯи барқ машғул гашта, ду ширкати дигар масъули нигоҳубини хатҳои барқу симчӯбҳо ва фурӯшу ҷамъоварии пули барқ хоҳанд буд.

Созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, борҳо ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки дар ширкати "Барқи тоҷик" таҷдиди сохторӣ сурат гирад. "Барқи тоҷик" солҳост барои фаъолияти ношаффоф ва қарзҳои беш аз 1-миллиард сомониаш танқид мешавад.

Ширкати "Барқи тоҷик" аз корхонаҳои калони давлатии муаммодор дар Тоҷикистон мебошад. Тибқи омори ахири Мирзо Исмоилзода, роҳбари “Барқи тоҷик” қарзи ин ширкат беш аз 23 миллиард сомонӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG