Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироҷиддини Мӯҳриддин: Ворид шудан ба ЕАЭС-ро меомӯзем


Тоҷикистон ҳанӯз ба хулосае нарасидааст, ки оё шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), як созмони зери нуфузи Русия, бишавад ё не.

Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ҳанӯз ин масъаларо меомӯзанд. “Ин масъаларо ҳамаҷониба меомӯзем ва то ҳанӯз аз коршиносон низ машварати мушаххас нагирифтаем”, - гуфт ӯ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

Русия борҳо ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба рӯяш боз аст. Дар ин созмони иқтисодӣ Беларусу Қирғизистон ва Қазоқистону Арманистон низ шомиланд.

Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфт, бо ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамкории хуб доранд ва аз сатҳи муносибатҳо розиянд.

Аммо гуфт, “Шумо медонед, ки мо ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалан роҳи мустақим надорем. Танҳо бо Қирғизистон марз дорем. Мо беш аз 90 дар сади молро аз тариқи Узбекистон дастрас мекунем.”

Оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, дар қаламрави кишварҳои узв гардиши озоди нерӯи корӣ, сармояҳо, мол ва хадамот кафолат дода мешавад.

Дар ин миён муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки муштоқи ҳарчи зуд ба ЕАЭС шомил шудани Тоҷикистон мебошанд. Онҳо бовар доранд, увзияти Тоҷикистон дар ин созмони зери назари нуфузи Русия шароити кори онҳоро дар ин кишвар беҳтар хоҳад кард.

Вале дар гузашта бархе аз мақомот дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки шароити узвият дар созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бозгӯи манфиатҳои кишвар нест.

Дар ин бора бештар бихонед:

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Тоҷикистон: Тафриқаҳои гумрукӣ

XS
SM
MD
LG