Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи фасодкорӣ дар азнавсозии маркази гармидиҳии Бишкек ба додгоҳ рафт


Додситонии кулли Қирғизистон омӯзиши парвандаи ҷиноятии фасодкорӣ дар азнавсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкекро ба охир расонд.

Тафтишро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон анҷом додааст.

Ба иттилои додситонӣ, айбномаи сарвазирони пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов, Жанторо Сатибалдиев, мансабдорони дигар - Осмонбек Ортиқбоев, Айбек Калиев, Салайдин Авазов, Жолдошбек Назаров, Темирлан Бримқулов, Олга Лаврова бо далелҳои сӯистифодаи мансаби давлатӣ ва фасодкорӣ асоснок шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар бораи айбномаи вазири пешини молияи Қирғизистон Олга Лаврова бори аввал хабар дода мешавад. Додситонӣ дақиқан хабар надодааст, ки нисбати вазири молия чӣ айбе эълон кардааст.

Рӯзи 11 феврал хулосаи айбдории мансабдорони зикршуда ба додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек фиристода шуд. Таърихи шуруъи муҳокимаҳои додгоҳӣ ҳанӯз дақиқ нест.

Ба иттило тафтишот, ҳангоми навсозии маркази гармидиҳии Бишкек ба давлат 111 млн доллар зарар расонида шудааст.

XS
SM
MD
LG