Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Намоиши филми "арӯсрабоӣ" қирғизистониҳоро ба хашм овард. ВИДЕО

Саҳнае аз филми арӯсрабоӣ

Намоиши филми бисёрсериягии "Акшоола – Шуои сафед", ки яке аз қаҳрамонони он дуздида мешаваду баъди гуфтугӯ зиндагиро бо нафари рабоянда идома медиҳад, хашми корбарони қирғизро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Ин филмро телевизиони асосии Қирғизистон тирамоҳи соли 2018 ба намоиш гузошт ва таҳиягаронаш мегӯянд, рабудани арӯс "анъанаи қадимӣ"-и мардуми қирғиз аст. Вале корбарон таҳиягарони онро дар таблиғи ҷинояткорӣ айбдор мекунанд.

"Шуои сафед" яке аз нахустин филми бисёрсериягӣ дар Қирғизистон аст. Онро Ширкати телевизион ва радиои ин кишвар бо пули буҷа ба навор гирифтааст. Ҳарчанд ҳаҷми харҷи филм гуфта намешавад, вале ба иттилои тасдиқношуда, дар таҳияи он 250 ҳазор доллар сарф шудааст.

Бештари бинандаҳоро филми мазкур ба ҳайрат овардааст. Яке аз қаҳрамонони он бо ҳадафи издивоҷи иҷборӣ дуздида мешавад ва шавҳараш чандин бор ӯро латтукӯб низ мекунад. Вале пас аз як суҳбат бо дугонааш, ки ӯро ба зиндагӣ ташвиқ мекунад, вазъ ғайриинтизор тағйир меёбад.

"Ҳамааш хуб мешавад, Ойпарӣ. Ту танҳо Амонро гунаҳкор накун. Шояд ту ҳам гуноҳе дошта бошӣ. Дар бораи ҷанбаҳои мусбати ӯ фикр кун. Аз ҳама муҳимаш ӯ туро дӯст медорад", - мегӯяд дугонааш ба арӯси рабудашуда.

Коргардони филм Ирис Окенова мегӯяд, "Шуои сафед"-ро дар асоси романе таҳия кардаанд, ки воқеияти таърихӣ дорад.

Шӯрои нозирони Ширкати телевизион ва радиои Қирғизистон ваъда додааст, ки дар наздиктарин ҷаласаи худ филмро баррасӣ хоҳад кард. Вале фаъолон мегӯянд, бо ирсоли як хитоба аз мақомот дархост хоҳанд кард, ки филм дубора намоиш дода нашавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Даъват ба ислоҳи низоми андоз дар Тоҷикистон дар ҷаласаи шӯрои сармоягузорӣ

Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ, ки дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ба ислоҳоти низоми андоз дар кишвар даъват кард. Ян-Петер Олтерс дар ҷаласаи рӯзи 20 феврал гуфтааст, ки дар суханронии хеш дар ин шӯро ба чанд нуктаи заъфи андозситонӣ дар Тоҷикистон таъкид карда гуфт, гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ омода аст ислоҳотро дар ин самт дастгирӣ кунад.

Ҷаноби Олтерс дар ин суханронӣ аз ҷумла гуфт, “ҳар қадаре, ки ҷамъоварии андоз барои корхонаҳо пешгӯинашаванда гардад, ҳамон қадар онҳо камтар дар ихтиёри Кумитаи андоз қарор ёфта, иҷрои нақшаи ҷамъоварии зикршудаи андозро мушкилтар мегардонад. Аз як тараф, ин ба афзоиши шумораи санҷишҳои андоз, ҷаримаҳо ва дархостҳои пешпардохти андоз оварда мерасонад, ки он ташаббусҳои соҳибкориро бештар маҳдуд месозад”.

Дар ҷаласаи XIX Шӯрои беҳтар гардонидани фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон ба ҷуз аз вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ Пратибҳа Меҳта, намояндагии Барномаи рушди СММ, Лючиано Колестини, намояндаи Хазинаи кудакони СММ ва дигарон иштирок карданд.

Кори "консули" кишвари вуҷуднадоштаи "ASPI" ба додгоҳ рафт

Сокини 64-солаи Санкт-Петербург, ки дар тақаллубкорӣ ва қонунисозии ғайриқонунии муҳоҷирон муттаҳам мешавад, базудӣ дар додгоҳ посух хоҳад дод. Ба навиштаи оҷонсии Интерфакс, ин мард худро консули кишвари вуҷуднадоштаи «ASPI, воқеъ дар ҳавзаи Кариб” муаррифӣ карда, нафарони зиёд, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро фиреб кардааст. Ирина Волк, намояндаи расмии ВКД Русия рӯзи 19 феврал ба оҷонсии русӣ гуфт, ки таҳқиқи пешакии парвандаи ҷиноии як сокини маҳаллӣ анҷом шуда, ин шахс барои таҳия ва иҷрои як нақшаи тарҳрезишудаи фиреби шаҳрвандони хориҷӣ ва фурӯши шиносномаҳои қалбакии кишвари вуҷуднадошта муттаҳам мешавад”. Муфаттишон маълум кардаанд, ки шарикони ин ҷиноят аз номи як созмони тақаллубӣ шиносномаҳои шаҳрвандони кишвари вуҷуднадошта ва шаҳодатномаи ронандагӣ таҳия карда ин санадҳои сохтаро ба хориҷиҳо мефурӯхтанд. Дар парванда гуфта мешавад, ки кори ин ширкати тақаллубӣ аз соли 2015 ба ин сӯ ба роҳ монда шуда буд. Дар дохили шиносномаҳои тақаллубӣ мӯҳри убури марзи Беларус гузошта мешуд. Арзиши чунин санадҳо 15 то 100 ҳазор рубл таъин шуда буд. Аксар онҳое, ки мавриди тақаллуби онҳо қарор гирифтанд, шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва ҳам чанд дигар ҷумҳурии шӯравии пешин буданд, ки бо ҳадафи кор ба Русия рафтаанд.

Даъвати ИМА аз Покистон барои муҷозоти омилони ҳамла дар Ҳинд

ИМА аз Покистон даъват кард, ки омилони ҳамлаи маргбор ба низомиёни Ҳинд дар минтақаи баҳсии Кашмирро муҷозот кунад. Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки таниш дар равобити Деҳлӣ ва Исломобод дар ҳоли афзоиш аст. Рӯзи 14 феврал дар натиҷаи ҳамлае дар минтақаи Ҳимолой беш аз 40 сарбози ҳиндӣ кушта шуд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Ҷаиши Муҳаммад” ба ӯҳда гирифт, ки дар Покистон ҷойгир шудааст. Ҳинд Покистонро ҳушдор дод, ки ба ин ҳамлаи даҳшатбор дар даҳсолаҳои ахир посухи муносиб медиҳад. Роберт Палладино, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА рӯзи 19 феврал гуфт: “Мо бо ҳукумати Ҳинд дар тамоси наздик ҳастем ва дар баробари изҳори тасаллият, пуштибонии қавии худро ба Ҳинд дар мубориза бо терроризм баён кардем”. Палладино гуфт, ки ИМА аз Покистон хост, ки ба хотири таҳқиқи ҳамаҷониба ва муҷозоти масъулони ин ҳодиса бо Ҳинд ҳамкории наздик барпо кунад.

Путин: дар сурати истиқрори мушакҳои ИМА, ин кишвар ва дигарҳоро ҳадаф қарор медиҳад

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки агар ИМА мушакҳои миёнапарвозашро дар Аврупо мустақар кунад, Русия на танҳо кишварҳое, ки дар онҳо ин силоҳ мустақар шудааст, балки худи ИМА-ро ҳадаф қарор медиҳад. Дар суханрониаш ба парлумон рӯзи 20 феврал Путин батакрор гуфт, ки Русия аз созиши соли 1987 оид ба силоҳҳо берун мешавад, то ки дар паи рушди системаи дифои мушакии худ бошад. Путин гуфт:

"Медонем, ки ин корро чӣ гуна анҷом диҳем ва ҳамин ки ин таҳдидҳо воқеӣ шуданд, билофосила ин нақшаҳоро амалӣ мекунем".

ИМА 2 феврал ҷараёни шашмоҳаи берунрафт аз созиши силоҳҳоро оғоз намуд. Қаблан НАТО ва Вашингтон Маскавро дар он муттаҳам мекарданд, ки бо истиқрори мушакҳои навъи 9M729 созишро нақз кардааст. Русия, ки ин иттиҳомотро рад мекунад, гуфт, ҳамчунин аз ин санад берун мешавад. Созиши мазкур истеҳсол ва истиқрори мушакҳои замин ба ҳаво ва баллистикии қудрати парвозашон 500 то 5,5 ҳазор километрро манъ мекунад. Путин гуфт, ки Русия ба ИМА таҳдид намекунад, вале хостори ин аст, ки Амрико бо Русия «равобити дӯстона ва баробар» дошта бошад.

Бернӣ Сандерс гуфт, дар интихоботи президентии ИМА иштирок мекунад

Сенатори мустақил аз аёлати Вермонт Бернӣ Сандерс эълом кард, ки номзадии худро бори дигар ба мақоми президентии ИМА дар интихоботи соли 2020 пешниҳод хоҳад кард. Ӯ дар ин бора 19 феврал бо як радиои маҳаллӣ суҳбат кард.

Сандерс соли 2016 аз ҷониби Ҳизби демократ дар маъракаи интихоботи президентӣ иштирок кард. Вале баъдан номзадиашро ба нафъи Ҳилларӣ Клинтон, ки аз Доналд Трамп шикаст хӯрд, бозпас гирифт.

Сенатор дар суҳбат бо радио гуфт, пеш аз ҳама мехоҳад дар мақоми президентӣ Доналд Трампро иваз кунад. Ӯ президенти кунунии Амрикоро барои кишвараш шармовар номид. Сандерс ҳамчунин мехоҳад, идеяҳоеро амалӣ созад, ки дар интихоботи соли 2016 ваъда дода буд.

Бернӣ Сандерс яке аз авлавиятҳои барномаи интихоботии худро низоми тандурустии дастраси умумӣ, боло бурдани маоши ҳадди ақал ва ислоҳи сиёсати муҳоҷират номид.

Сандерс расман узви Ҳизби демократ нест ва худро номзади мустақил меномад. Нашрияи Politico менависад, ки иштироки сенатор ҳамчун номзади мустақил имконпазир аст, вале ғайриодӣ хоҳад буд. Интихоботи навбатии президентии ИМА 3 ноябри соли 2020 баргузор мешавад.

Интизор меравад, аз ҷониби ҷумҳурихоҳон президенти кунунӣ Доналд Трамп ва раиси аёлати Массачусетс Уилям Уэлд номзадии худро дар он пешниҳод кунанд. Аз демократҳо эҳтимол аст, номзадии сенатори Ню-Ҷерсӣ Корӣ Букер, намояндаи Ҳавайӣ дар Конгресс Тулсӣ Габбард, сенатори Калифорния Камала Ҳаррис ва Элизабет Уоррен аз Массачусетс пешниҳод шавад.

Истифодаи телефонҳои ҳушманд барои низомиёни рус манъ шуд

Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ба низомиён ва наваскарони ин кишвар доштани телефони мобилӣ ва дастгоҳҳои дигари сабту ҳифзи маълумотро ҳангоми дар хидмати ҳарбӣ будан манъ мекунад. Ин қонун рӯзи 19 феврал қабул шуд.

Талаботи қонуни нав ба телефонҳои одие, ки дурбини аксбардорӣ надоранд, дахл намекунад.

Низомиёни рус ҳамчунин дигар ҳақ надоранд, дар бораи хусусиятҳои хидмати ҳарбӣ, ҳамхидматони пешин ва наздиконашон бо рӯзноманигорон суҳбат кунанд ё дар интернет бинависанд.

Аз лоиҳаи қонун 408 вакили порлумони Русия "ҷонибдорӣ" карда, касе "зид" набаромадааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонуни нав, ки ба наваскарон ҳам дахл дорад, боиси афзоиши ҳолатҳои "дедовшина" дар артиши Русия хоҳад шуд.

Зодаи Узбекистон даст доштанашро дар ҳамла террористӣ дар Истамбулро рад мекунад

Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар ҳамлаи террористии клуби шабонаи шаҳри Истамбули Туркия муттаҳам мешавад, гуфт, ба ин ҷиноят рабте надорад.

Нашрияи Hurriyet навишт, ки Машарипов рӯзи 18 феврал дар додгоҳ гуфт: "Ман ин корро анҷом надодаам. Ман он касе нестам, ки шаби ҳодиса дар клуби шабона дар дасташ силоҳи Калашников буд".

Баррасии парвандаи Абдулқодир Машарипов дар додгоҳ моҳи декабри соли 2017 шуруъ шуд.

Машарипов баъди 17 рӯзи рух додани ҳодисаи террористӣ боздошт шуд.

Додситон барои Абдулқодир Машарипов 40 ҳукми зиндони якумрӣ талаб дорад. Абдулқодир Машарипов - яке аз 57 нафарест, ки бо айби ҳамдастӣ дар ҳамла ба клуби шабонаи Reina боздошт шудаанд. Ҳамсари вай Зарина Нуруллоева низ дар рӯйхати айбдоршавандаҳо аст.

Дар натиҷаи ҳамла ба клуб дар шаби 1 январи соли 2017 - 39 нафар кушта ва 69 тани дигар маҷруҳ шуданд. Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.

Рӯзноманигорони Қазоқистон омодаанд, зидди қоидаҳои нави сабти номи хабарнигорон эътироз кунанд

Дар Қазоқистон чанд рӯзноманигор барои баргузории эътироз зидди тағйироти нави қоидаҳои сабти номи расонаҳо изҳори омодагӣ карданд. Вазири иттилоот ва иртибототи он кишвар Даврон Абаев гуфт, дар эътирози рӯзноманигорон ширкат ва мавқеашро шарҳ хоҳад дод.

Абаев рӯзи 19 феврал хабар дод, ки ворид кардани тағйир ба қоидаҳои сабти номи рӯзноманигоронро дар чорабиниҳои давлатӣ сармуҳаррирони расонаҳо талаб кардаанд.

Ба гуфтаи вазир, сармуҳаррирон арз кардаанд, ки хабарнигорон баъди аз кор рафтан аз идораи онҳо, аз номи маҳалли кори пешини худ дар чорабиниҳо ширкат кардаанд. Ба ин далел, сармуҳаррирон хостаанд, хабарнигорон вазифадор шаванд, ки ҳангоми ширкат дар чорабиниҳо, амсоли нишастҳои хабарӣ, маҷлиси ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод кунанд, ки фаъолияти рӯзноманигорро собит созанд.

"Ҳоло шикоят зиёд мерасад, ки рӯзноманигорон ба як чорабинӣ ворид шуда, баъдан чанд утоқи кориро давр мезананд. Чунин рафтор норавост. Ахлоқи корӣ мавҷуд аст, ки бояд дархост фиристода шавад ва мо вазифадор мешавем, ки посух диҳем. Агар, фаразан, шумо мансабдорро дар долон дидед, метавонед суол диҳед, вале ба утоқи кории вай даромадан нодуруст аст", - гуфт Абаев.

Ворид кардани тағйир ба қоидаҳои сабти номи хабарнигорон миёни кормандони расонаҳои Қазоқистон нигарониро ба бор овард. Рӯзноманигорон мегӯянд, тағйири мазкур хилофи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи дастрасии одамон ба иттилоот аст.

Парвандаи ҷиноӣ барои таҷовузи дастаҷамъии духтаре дар Қароқалпоқистон

Дар вилояти Қароқалпоқистони Узбекистон як хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 14 бордор шудааст. Ба гуфтаи волидони духтар, ба номуси фарзандашон чанд хонандаи мактаби мазкур якҷоя дастдарозӣ кардаанд.

Як омӯзгори мактаби № 14 гуфт, ҳомиладории хонанда пас аз он ошкор шудааст, ки сабабҳои ба дарс наомадани ӯро ҷустуҷӯ карданд. "Баъд аз таътили зимистонӣ дигар ба дарс наомад. Дар аввал гуфтанд, ки ӯ бемор аст. Вале дертар маълум шуд, ки дар моҳи 5-уми ҳомиладорӣ қарор дорад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи яке аз хешони духтар, волидон талош кардаанд, ҳамли ӯро сиқт кунанд, вале духтурон гуфтаанд, ки аллакай дер шудааст. Ҳоло духтар дар хонаи хешонаш дар Қазоқистон ба сар мебарад.

Мудири мактаби № 14 Давлатмурод Жарлихонов мегӯяд, аз ҳомиладории хонандаи худ хабар надошт. Чанд омӯзгор ва хешовандони духтар мегӯянд, мақомот талош доранд, ҳодисаро пинҳон кунанд.

Вале дар пайи пурсуҷӯи рӯзноманигорон кормандони пулис ва додситонии Чимбой 13 феврал барои таҳқиқи ҳодиса ба мактаби № 14 рафтаанд. Дар Додситонии кулли Узбекистон низ тасдиқ карданд, ки 13 феврал дар робита ба таҷовузи як хонандаи мактаб дар ноҳияи Чимбой парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Президент Трамп фармони таъсиси Неруҳои кайҳонии ИМА-ро имзо кард

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе фармони таъсиси неруҳои нави амрикоӣ - Артиши кайҳониро барои пешгирӣ аз хушунат ва ҳифзи манофеи миллӣ дар кайҳон имзо кард.

Ҳафтаи гузашта дар гузорише, ки аз сӯи Оҷонсии иктишофи низомӣ нашр шуд, Русияву Чин дубора ҳамчун рақибони эҳтимолии ИМА зикр шуданд. Оҷонсӣ хабар медиҳад, ки Маскав ва Пекин барои мубориза бо ИМА дар кайҳон чораҷӯӣ мекунанд.

Ду корманди Пентагон дар суҳбат бо хабарнигори "Садои Амрико" гуфтанд, ки лоиҳаи қонуни таъсиси Артиши кайҳонӣ дар рӯзҳои наздик ба Конгресс фиристода хоҳад шуд. Дар лоиҳа буҷаи солонаи артиши кайҳонӣ 73 миллион доллар нишон дода шудааст.

Трамп бори аввал дар моҳи марти соли 2018 дар бораи таъсиси артиши кайҳонӣ хабар дода буд. Вай ваъда кард, ки буҷаи ҳарбиро барои амалисозии ҳадафи мазкур бештар хоҳад кард. Барои ҳифзи Амрико "бояд дар кайҳон султаҷӯӣ кард", гуфта буд Трамп.

Пешниҳоди вакил: касоне, ки алимент намесупоранд, дар шабакаҳо шарманда карда шаванд. ВИДЕО

Порлумони Қирғизистон лоиҳаи тағйирот ба қонун "Дар бораи вазъи судиҷрочиён" ва Кодекси оиларо баррасӣ мекунад. Муаллифи тарҳ вакили порлумон Максат Собиров аст.

Вакил пешниҳод дорад, ки иттилои қарздорони алимент дар шабакаҳо нашр, ҳуҷҷатҳои ронандагиашон гирифта ва иҷозаи шикорашон бекор шавад. Дар лоиҳа омадааст, ки чунин шаҳрвандон ҳамчунин аз ҳаққи ба хориҷ рафтан маҳрум шаванд. Дар ин бора рӯзи 19 феврал ТВ "Настоящее время" хабар дод.

Собиров мегӯяд, ҷомеаи Қирғизистон суннатист ва анъанаҳои мардумиро дар бисёри маврид нисбат ба қонун бештар риоя мекунанд. Дар ҳоли ҳозир падароне, ки алимент намесупоранд, бо андак ҷарима аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Вакил пешниҳод дорад, чораҳои сахттаре қабул шавад, ки ҳам ба ҷайб ва ҳам ба виҷдони алиментгурезон таъсир расонад.

"Агар 70 дарсади алимент пардохт нашавад, парвандаи ҷиноятӣ боз мегардад. Мо пешниҳод кардем, ки ба Кодекси маъмурӣ тағйирот ворид шавад ва ба ин тартиб, одамоне, ки алимент намепардозанд, аз ҳаққи ронандагӣ ва шикор маҳрум шаванд", - шарҳ дод Собиров.

Тағйирот ба Кодекси оила пешбинӣ мекунанд, ки ҳуқуқи кӯдакон дар дарёфти маълумоти олӣ риоя шавад: ҷуфтҳои аз ҳам ҷудошуда вазифадор мегарданд, ки харҷи таҳсили фарзанди муштаракашонро то синни 24-солагӣ баробар пардохт кунанд. Дар сурати сарпечӣ аз пардохти харҷ волидон ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Ба иттилои мақомоти додгоҳии Қирғизистон, дар он кишвар бештар аз 40 ҳазор шаҳрванд аз алимент қарздор ҳастанд. Болоравии шумори қарздорони алимент аз як сӯ ба бештаршавии талоқҳо ва аз сӯи дигар ба афзоиши бекорӣ рабт дорад.

Бишкек гуфтугӯро бо Тошканд дар робита ба нирӯгоҳи "Қамбарота-1" оғоз мекунад

Муовини раиси Кумитаи саноат ва энергетикаи Қирғизистон Айтмамат Қодирбоев дар ҷаласаи порлумон хабар дод, ки рӯзҳои наздик як гуруҳи кории ин кишвар барои гуфтугӯ дар робита ба нирӯгоҳи обии барқии "Қамбарота-1" ба Тошканд хоҳад рафт.

Ба гуфтаи ӯ, ин гуруҳи корӣ охирҳои соли 2018 ташкил шудааст. "Гуфтугӯҳои пешакӣ тавассути телефон сурат гирифтанд. Масъала низ бо иштироки муовини аввали сарвазир баррасӣ шудааст", - гуфт ӯ.

Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон дар соли 2017 Тошканд эълом кард, ки имкони иштирок дар бунёди нирӯгоҳи обии барқии "Қамбарота-1"-ро меомӯзад.

Иҷрои тарҳи бунёди "Қамбарота-1" дар рӯдхонаи Норин чанд сол аст, ки ба таъхир меафтад. Бунёди ин нирӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт ҳанӯз дар охирҳои соли 1980 дар назар буд. Вале то ҳол иҷро нашудааст.

Ҳукумати Қирғизистон барои бунёди нирӯгоҳи мазкур бори охир соли 2012 бо Русия созишнома ба имзо расонд. Вале санад соли 2016 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон бекор карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорон вомехӯрад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо рӯзноманигорон дар Душанбе мулоқот мекунад. Мақомот аз ҷумла дафтари матбуоти президент дар ин бора расман шарҳ надоданд. Аммо ҳадди ақал се даъватшудаи ин вохӯрӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вохӯрии президент бо рӯзноманигорон пас аз зуҳри 20-уми феврал сурат мегирад.

Ба қавли манбаъ, ба мулоқоти президент асосан сардабирон ва рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ даъват шудаанд. Манбаъ афзуд, дар ин вохӯрӣ, масъалаи фаъолияти расонаҳои расмӣ баррасӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон бисёр кам аст, ки президент бо рӯзноманигорон вохӯрӣ кунад. Бори ахир вохӯрии хосаи Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорон дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик дар соли 2012 вохӯрд.

Эмомалӣ Раҳмон аҳёнан дар ифтитоҳи ягон телевизион ё радиои давлатӣ бо рӯзноманигорон сӯҳбатҳои сарироҳӣ анҷом медиҳад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи телевизиони Хуҷанд аз кори телевизионҳои давлатӣ танқид кард.

Раиси ҷумҳур аз хабарнигорон ва бахусус кормандони телевизионҳои кишвар хоста буд, ки ба ҷойи таърифу тавсифи аз ҳад зиёд аз камбудҳои ҷомеа низ бигӯянд.

"Афсӯс, ки аз телевизиони марказӣ сар карда, худтаърифкунӣ зиёд аст. Гӯё дар ҷомеа дигар камбуд вуҷуд надорад. Ин хел нест, давлатдорӣ бе камбуд намешавад",-таъкид карда буд Эмомалӣ Раҳмон. Баъд аз ин телевизионҳо ба пахши гузоришҳои интиқодӣ шурӯъ карданд.

Зилзила Тоҷикистонро такон дод

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми феврал ду заминларза шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон такон дод. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, маркази заминларза дар наздикиии шаҳри Ваҳдат -- канори пойтахт мебошад.

Ба гуфтаи хонум Юсупова, заминларзаи аввал соати 6:26 ба вақти маҳаллӣ ва ҷунбиши дуввум даҳ дақиқа пас аз он рух дод. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ларзиши аввали замин дар Душанбе бо қувваи 2 балл ва дуввумӣ бо қувваи 3 балл рух додааст. Мақомот мегӯянд, заминларзаи мазкур харобие дар пай надоштааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Познер барои шӯхиаш дар бораи чиниҳо узрхоҳӣ кард

Владимир Познер дар ҷаласаи Коллегияи ҷамъиятии шикоят аз болои матбуот. 19 феврали соли 2019

Журналисти шабакаи аввали телевизиони Русия Владимир Познер барои шӯхиаш дар бораи чиниҳо, ки дар барномаи ахираш ("Самые-самые-самые") садо дод, узрхоҳӣ кард. Ҳангоми наворгирии гузорише аз хонаи рамзии Бобои Барфӣ дар Финландия, Познер шӯхӣ карду гуфт, ки дар деҳа “хитоиҳо хеле зиёд будааст”. “Чашми ман каҷ нашуд?”, пурсид Познер аз ҳайати эҷодӣ ва чашмонашро ба онҳо нишон дод. Ин шӯхии журналистро яке аз тамошобинони телевизион таҳқиромез дарёфт ва аз болои ин рафтори журналист ба Коллегияи ҷамъиятии шикоят аз болои матбуот ариза фиристод.

Хонуме бо номи Туяна Басанова дар ин нома худро “намояндаи мардуми осиёии минтақаи Сибир” муаррифӣ кард ва гуфт, ки ҳарфу ҳаракатҳои Познер барои намоиш дар телевизиони федеролӣ “ғайри қобили қабул” мебошад.

Басанова гуфт, ки бо ин ҳаракаташ Познери 84-сола “адовати худро нисбат ба намояндагони қавмҳои дигар” ба намоиш гузоштааст. “Познер фикр мекунад, ки агар дар миёни чиниҳо зиёд бигардад, чашмонаш каҷ мешаванд”, гуфт Басанова.

Рӯзи сешанбе коллегия шикояти Басановаро арзёбӣ кард ва дар ин ҷаласа Познер эътироф кард, ки “ҳарфҳои ӯ як шӯхии ноҷо буд”.

Интерфакс бо такя ба ҳарфҳои Познер менависад: “Ман дар асл вокуниши хонум Басановаро хеле хуб дарк мекунам ва эътироф мекунам, ки ӯро ранҷондам. Ман аз ин кори худ узр мепурсам”. Бахши русии Би-Би-Си бо такя ба журналист менависад: “Ман ба ҳеҷ сурат нажодпараст нестам. Ин як шӯхии воқеан ҳам бад буд”. Баъди ҷаласа Познер гуфтааст, ки “ин як аблаҳӣ буд” ва узрхоҳӣ барои ин ҳодиса мушкиле надорад. Ӯ гуфтааст, ки омода аст дар барномаи телевизионии худ ҳам аз тамошобинон узрхоҳӣ кунад.

Муаллифи шикоят Туяна Басанова гуфтааст, ки узри журналист қабул аст ва изҳори умедворӣ кардааст, ки журналист аз телевизион ҳам мавқеи худро такрор мекунад.

Ҷасади тифл баъди тақрибан ду ҳафта аз ҳоҷатхона пайдо шуд

Юсуфҷон Саидов рӯзи 31-уми январ нопадид шуд.

Муфаттишони додситонии ноҳияи Рӯдакӣ омилҳои марги як тифли 5-соларо таҳқиқ мекунанд, ки ҷасади ӯро рӯзи 11-уми феврал дар ҳоҷатхонае пайдо карданд. Юсуфҷон Саидов рӯзи 31-уми январ дар деҳаи Ҷӯйбодом нопадид шуд ва волидонаш тақрибан 2 ҳафта ӯро дар деҳоти атроф ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷустуҷу доштанд.

Абдувалӣ Саидов, падари Юсуфҷон Саидов рӯзи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муфаттишони додситонӣ ӯро рузи 18-уми феврал даъват карда ва дар бораи марги писараш пурсидаанд. Ӯ афзуд, ки тамоми деҳаро ҷустуҷу карданд, вале ҳеҷ нишоне наёфтанд, аммо зимни тафтиши дубораи ҳоҷатхонаи ҳамсоя тани беҷони ӯро аз дохили он ёфтанд.

Абдувалӣ Саидов афзуд, чӣ гуна ба ҳоҷатхона афтодани тифли панҷсолаашро намедонад. Додситонӣ ҳам касеро ҳанӯз дар марги у муттаҳам накардааст. Додситонӣ ҳодисаро ҳануз шаҳр надодааст. Юсуф зоҳиран ҳангоми бозӣ дар назди хонаашон соати 12 нисфирӯзии 31-уми январ ғайб задааст.

Деҳаи Ҷӯйбодом дар канори шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва дар гузашта шоҳиди чунин ҳодиса нашудааст. Гум шудани тифл дар деҳот дар Тоҷикистон аҳёнан рух медиҳад, чун мардум ҳамдигар ва атфоли ҳамдигарро мешиносанд ва дар сурати танҳо дидани тифли хурдсол ӯро ба назди волидонашон бармегардонанд.

Аммо дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар гузашта нопадид шудани се тифли хурдсол дида шудааст, ки дуторо бо гузашти солҳо пайдо накардаанд, вале ҷасади якеро дар ноҳияи Ҳисор ёфтаанд.

Халилзод ба хатми ҷанг дар Афғонистон даъват кард

Фиристодаи ИМА дар умури Афғонистон Залмай Халилзод аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки тафриқаҳоро канор гузошта, ба хотири хатми ҷанги 17-сола муттаҳид шаванд. Халилзод, ки дар моҳҳои ахир бо Толибон дар Ховари Миёна чандин музокироти рӯбарӯ барпо кардааст, ин музокираҳоро бидуни ҳузури намояндагони ҳукумати Афғонистон баргузор кардааст. Баробар бо ин, бархе дигар мухолифони президент Ашраф Ғанӣ ҳам рӯзҳои 5 ва 6 феврал бо намояндагони Толибон дар Маскав муколама барпо кардаанд. Сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат аз он интиқод карданд, ки намояндагони ҳукумати расмии Афғонистон дар ин муколамаҳо ҳам иштирок накарданд. Халилзод аз ҳукумат даъват кард, ки як тими “қавӣ ва миллӣ”-и музокиротӣ эҷод кунад. Халилзод гуфт, “ба мо тиме лозим аст, ки раҳбарияти ҳукуматро эҳтиром кунад”, гуфт Халилзод дар сӯҳбат бо телевизиони “Тулӯъ” рӯзи 18 феврал.

Алишер Абдураҳмонов ба ҷои Шарофиддин Гадоев раҳбари ҷумбиш шуд

Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» гуфт, ки ба ҷойи Шарофуддин Гадоев нафареро бо номи Алишер Абдураҳмонов раҳбар интихоб кард.

Ин ҷунбиш, ки соли гузашта дар Аврупо таъсис ёфт, дар ҳоле раҳбари нав интихоб кард, ки Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҳамакнун собиқаш дар шароити мармузе ба Тоҷикистон баргашт. Вазорати умури дохилӣ бозгашти Гадоев – як мунаққиди ҳукумати Тоҷикистонро “ихтиёрӣ” номида мегӯяд, ки базудӣ афв мешавад. Ҷонибдорони Гадоев шароити бозгашти ӯро мармуз номида мегӯянд, ки ӯ бо маъмурияте ба Русия рафта буд ва рабуда шуд. Дар давоми панҷ рӯзи ахир видеоҳое бо ширкати Гадоев дар вебсайти ВКД ва шабакаҳои интернетӣ нашр мешаванд, ки дар он иддао мешавад, ки ин раҳбари пешини “Гурӯҳи 24” гӯё “пушаймон шуда” ба ватан баргаштааст.

Алишер Абдураҳмонов, ки рӯзи 18-уми феврал раҳбари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» интихоб шуд, дар сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «бо мақсади пиёда кардани ҳадафҳои Шарофиддин Гадоев ин вазифаро бар дӯш гирифтаааст”. Ӯ гуфт, дар қадами аввал барои “озодии Гадоев” талош хоҳанд кард. Абдураҳмонов гуфт, ки Гадоев бояд дар навбати аввал “бо вакили дифоъ таъмин ва вазъи сиҳатиаш аз ҷониби комиссияи мустақил” ташхис гардад.

Алишер Абдураҳмонов, як нафари ношинохта аст, ки худро як узви мухолифони ҳукумат дар хориҷа меномад. Ба гуфтаи ҳамсафонаш, ӯ корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буда, бо далели фишор дар Аврупо паноҳанда шудааст.

Покистон Ҳиндро ба муколама даъват кард

Нахуствазир Имрон Хон рӯзи 19 феврал гуфт, ки Покистон ба таркиши маргталабонае, ки боиси марги даҳҳо сарбози ҳиндӣ шудааст, ҳеҷ рабте надорад ва Деҳлиро ба хотири коҳиши шиддати таниш ба музокира даъват кард. Имрон Хон гуфт, ки Ҳинд зидди Покистон иттиҳомоти зиёд пеш меорад ва Исломобод омода аст дар таҳқиқи ҳамлаҳои ахир дар минтақаи таҳти контроли Ҳинди Кашмир ҳамкорӣ кунад.

“Агар шумо дар бораи даст доштани ҳадди аққал як покистонӣ дар ин ҳодиса далели кофӣ дошта бошед, бо мо дар миён гузоред. Мутмаин бошед, ки мо иқдом мекунем”, гуфт Имрон Хон. “Садоҳое аз Ҳинд мерасад, ки бояд ба Покистон дарси ибрат дода шавад”, гуфт ӯ. “Мо дар бораи интиқом фикр намекунем, мо интиқом мегирем. Шумо моро дар ҳолати ногузир қарор медиҳед”.

Изҳороти Имрон Хон баъди он садо дод, ки вазири хориҷаи Покистон дар номае аз СММ дар амри коҳиши таниш бо Ҳинд кӯмак хост. Ҳинд ахиран дар таркиши маргталабона ва ҳам як ҳамлаи дигар Покистонро гунаҳгор кард. Инчунин рӯзи 18 феврал Исломобод сафирашро аз Ҳинд бозхонд.

Имсол Норак мизбони Наврӯзи ҷумҳуриявӣ аст

Қарор аст ҷашни калони Наврӯз рӯзи 20-уми март дар майдони марказии шаҳри Норак бо ҳузури президенти Тоҷикистон баргузор шавад. Ба гуфтаи Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси шаҳри Норак, омодагиҳо барои баргузории ҷашн шурӯъ шуда, қарор аст "12 ҳазор сокини шаҳри Норак ва ноҳияҳои атрофи он", дар таҷлили ид ҷалб шаванд.

Ҷашнҳои калони наврӯзӣ дар Тоҷикистон маъмулан бо ҷалби ҳазорҳо мактабиёну донишомӯзон баргузор мешавад, ки барои ширкат дар барномаи чандсоатаи тафреҳӣ ва театрикунонидашуда ҳафтаҳо пеш аз ид дар соатҳои дарсӣ ё баъдидарсӣ ба машқу раҳпаймоиҳо ҷалб мешаванд. Ин мавзӯъ ҳамеша боиси интиқод дар матбуот шудааст.

Шаҳло Ҳасанзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми феврал гуфт, "танҳо аз Норак 4 ҳазор сокинон барои пешвоз ва таҷлили Наврӯз ҷалб шуда, аз ноҳияҳои дигар 8 ҳазор нафари дигар ҷалб мешавад. Аллакай мардум дар шаҳру деҳаҳо барои пешвози ҷашни Наврӯз корҳои ободониро шурӯъ кардаанд",-афзуд Шаҳло Ҳасанзода. Дар ташкили барномаи тафреҳии наврӯзӣ қарор аст 8 ҳазор донишҷӯ аз донишгоҳҳои Данғараву Бохтар ва Ёвон ҳам ҷалб шаванд.

Будҷаи ташкили ҷашни Наврӯзи соли 2019 ошкор намешавад, вале дар гузашта матбуот навишта буд, ки хароҷоти ташкили ҷашн миллионҳо сомониро ташкил медиҳад. Соли 2012, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Тоҷикистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз буд, ҳукумат барои навсозии "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе аз ҳисоби будҷа беш аз чаҳор миллион сомонӣ харҷ кард.

Таҷлили расмӣ аз Наврӯз ҳар сол дар ҳар минтақаи кишвар бо ҳузури президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар баробари Хуҷанду Хоруғ ва минтақаи Рашту Кӯлоб, Душанбе ҳам чанд дафъа мизбони ҷашни асосии Иди Наврӯз будааст.

Ҷашни калон як сол баъди ҳодисаҳои хунини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ташкил мешавад, ки масъулияти онро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт. Ҳамлаварон дар навори видеоии пеш аз ҳодисаи террористӣ, ки ҷони чор туристи хориҷиро гирифту ду нафарро маҷрӯҳ кард, дар баландтарин нуқтаи Норак савганд ёд карданд. Исми Норак дар бисёр хабару гузоришҳои ҷаҳонӣ дар робита бо ҳамин ҳодисаҳо расонаӣ шуд.

Вале як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумат гуфт, интихоби Норак ба унвони макони ташкили ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯз бесабаб нест. Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии дар Норак таҷлил шудани Наврӯз дар он аст, ки вақте моҳи ноябри соли гузашта президент дар маросими чархаи аввали НБО Роғун ширкат карда бо коргарони он сӯҳбат дошт ва вақте фаҳмид аксари сохтмончиён сокинони шаҳри Норак ҳастанд, гуфт иди Наврӯзро имсол дар Норак таҷлил мекунад".

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид соли 2016 дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ "таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ"-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.

23 сокини Бишкек бо нишонаҳои сурхакон бистарӣ шуданд

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон тайи ду рӯз 23 кас бо нишонаҳои бемории сурхакон ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар ин бора рӯзи 18 феврал сардухтури Бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои сироятии Қирғизистон Гулжигит Алиев хабар дод.

"Рӯзҳои шанбе ва якшанбе 31 кас ба мо муроҷиат карданд. Пас аз муойина ба хулосае расидем, ки 23 тани онҳо бояд бистарӣ шаванд. Ҳоло дар беморхонаи мо 58 сокини гирифтор ба бемории сурхакон табобат мегиранд. Нимашон кӯдаконе ҳастанд, ки ваксина нагирифтаанд", - гуфт Алиев.

Дар Бишкек моҳи октябри соли 2018 як кӯдаки шашмоҳа аз бемории сурхак фавтида буд. Ба гуфтаи мутахассисон, сабаби гирифторб ба ин беморӣ худдорӣ аз ваксина аст. Дар Аврупо соли гузашта 40 кас аз бемории сурхакон даргузашт.

Ровии ДИ Муҳаммад Халифа дар Сурия боздошт шуд

Як шаҳрванди Канадаро, ки садояш дар бештари наворҳои видеоии гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ) бо забони англисӣ истифода шудааст, дар Сурия боздошт карданд. The New York Times рӯзи 18 феврал гуфт, шаҳрванди Канадаро нирӯҳои эътилофӣ моҳи январ дастгир намудаанд.

Нашрия аз ӯ Муҳаммад Халифаи 35-сола ном бурдааст, ки дар Арабистони Саудӣ ба дунё омада, сипас ба Торонто рафтааст. Ӯ дар бахши технологияи компютерӣ таҳсил кардааст.

Худи Муҳаммад Халифа гуфтааст, ки шаш сол пеш гӯш кардани наворҳои гуруҳи тундрави "ал-Қоида"-ро оғоз кард ва дертар ба Сурия рафта, ба сафи ДИ пайваст. Ӯ дар ҳайати гуруҳ нахуст ба ҳайси тарҷумон кор карда, баъдтар садояш дар наворҳо низ истифода шудааст.

Муҳаммад Халифа чанд моҳ пеш аз боздошташ, аз овоз додан ба навору видеоҳо даст кашида, ба сафи ҷанговарони ДИ пайвастааст. Ӯ баъди боздошт гуфтааст, ки аз кардааш пушаймон нест.

Таҳримҳо ба бахши содироти Русия беш аз $6 млрд зарар расонданд

Содиркунандаҳои маҳсулоти Русия соли 2018 ба далели таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Ғарб 6 миллиарду 300 миллион доллар зарар дидаанд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба гузориши Вазорати рушди иқтисоди Русия иттилоъ дод.

Аз ҳама бештар зидди маҳсулоти Русия Иттиҳоди Аврупо (ИА) маҳдудият ҷорӣ кардааст, ки 25 навъанд. Украина бо 22 маҳдудият дар мақоми 2-ум ва Ҳиндустон бо 16 адад дар мақоми севум қарор дорад. ИМА ҳатто ба кишварҳои панҷгона шомил намешавад. Амрико зидди Русия танҳо 9 таҳрим ҷорӣ кардааст, ки ба содиркунандаҳои рус дахл доранд.

Бино ба ҳисоби Вазорати рушди иқтисоди Русия, ба бахши содироти ин кишвар таҳримҳои ИМА $1,1 миллиард ва таҳримҳои ИА ҳудуди $2,5 миллиард хисорот овардаанд.

Таҳримҳо аз ҳама бештар ба бахшҳои металлургӣ (ҳудуди $4 млрд) ва кишоварзии Русия (ҳудуди $1 млрд) зарар расондаанд.

Дар ҳоли ҳозир 62 кишвар зидди маҳсулоти Русия 159 навъи маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Cotton Campaign бойкоти пахтаи Узбекистонро бекор накард

Маъракаи байналхалқии зидди истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар саҳроҳои пахтаи Узбекистон - Cotton Campaign - баъди гуфтугӯ бо ҳайати расмии Узбекистон тасмим гирифт, ки бойкот ё манъи хариду фурӯши пахтаро то замони маҳви комили меҳнати маҷбурӣ нигаҳ дорад. Дар ин бора рӯзи 18 феврал бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Намояндагони Cotton Campaign ​ибтидои моҳи феврал дар Вашингтон бо муовини сарвазири Узбекистон Танзила Норбоева, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шерзод Кубиев ва раиси "Ӯзтекстилсаноат" Илҳом Ҳайдаров мулоқот карданд.

Дар ин мулоқот ҳомиёни ҳуқуқ талошҳои мақомоти Узбекистонро дар самти пешгирӣ аз меҳнати маҷбурӣ баҳои баланд доданд. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, меҳнати маҷбурӣ дар ин кишвар комилан манъ нашудааст.

Ҳайати ҳукуматии Узбекистон бо роҳбарии муовини сарвазири он кишвар Танзила Норбоева 4 феврал ба ИМА рафт ва дар бораи бойкот ё қатъи хариду фурӯши пахтаи Узбекистон бо созмонҳои байналхалқӣ гуфтугӯ кард.

Эътилофи байналхалқии Cotton Campaign, ки даҳҳо созмони ҳомии ҳуқуқ узви он ҳастанд, дар соли 2010 маъракаи бойкоти пахтаи Узбекистон ро роҳандозӣ карданд. Ин эътилоф мегӯяд, дар Узбекистон кӯдакону калонсолон иҷборан ба ҷамъоварии пахта фиристода мешаванд. Ширкатҳои маъруфе амсоли Nike, Zara, GAP, Levi's, H & M, UNIQLO ва дигарон ба ин маърака пайвастанд.

Пулиси Ишқобод ҳуҷҷати ронандагии занҳоро мегирад

Аз пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод хабарҳо дастрас мешавад, ки ходимони полиси роҳ ронандаҳои занро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Пулис бо ҳар баҳонае ҳуҷҷати ронандагии занҳоро мегирад, гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз шаҳри Ишқбодод. Дар матлабе аз рӯзи 19 феврал гуфта мешавад, ки кормандони пулис сабаби гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии занҳоро шарҳ намедиҳанд, танҳо ишора мекунанд, ки фармон аз болост. "Мо дастур гирифтаем, ки дар кӯчаҳои протоколӣ бояд занҳо мошин наронанд", - гуфт як корманди пулис.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, рӯзи 18 феврал дар хиёбони Истиқлоли Ишқобод наздики 20 мошинро, ки ронандаҳояшон занҳо буданд, боздошт карданд. Сомонаи "Хроника Туркменистана" иттилоъ дод, ки рӯзи 18 феврал ҳудуди 120 мошин ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст, ки ронандагонашон занон буданд. "Ин амалкарди пулис ба он равона шудааст, ки занҳо аз рондани мошин даст кашанд", - менависад сомона.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Муаммои "бозгашт"-и Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:00 0:00
XS
SM
MD
LG