Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе гуфт, эҳтимол аст, ҳафтаи оянда расман эълом карда шавад, ки тамоми минтақаҳои зери назари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИИШ) аз дасти ҷангҷӯён озод шуданд.
Ин изҳорот дар ҷараёни мулоқоти Трамп бо намояндагони эътилофи низомии 79 кишвар ба раҳбарии Амрико садо дод, ки давоми чанд соли ахир зидди ДИИШ мубориза мебаранд. Ба гуфтаи президенти ИМА, ҷангҷӯёни созмони тундрав ҳоло як қисмати хурди минтақаеро дар даст доранд, ки "хилофат"-и худ эълом карда буданд.
Мақомҳои расмии ИМА ҳафтаҳои ахир эълом карданд, ки ҷангҷӯёни ДИИШ 99,5 дарсади минтақаҳои зери назорати худро аз даст додаанд ва ҳоло танҳо 5 километри мураббаъро дар навоҳии рӯдхонаи Фурот, дар Сурия идора мекунанд.
"Эҳтимол аст, ҳафтаи оянда расман эълом карда шавад, ки мо 100 дарсади ҳудуди хилофатро озод кардем", - гуфт Трамп. Вай афзуд, ки ИМА бо вуҷуди бурунрафти нирӯҳояш аз Сурия ҳамла ба ҷангҷӯёни боқии созмонро идома хоҳад дод.
Қарори Трамп барои бурунрафти нирӯҳои ИМА за Сурия қонунгузорҳои амрикоӣ -- ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, эҳтимол дорад, ДИИШ дубора фаъол шавад.