Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҳуқуқшиноси "Агроинвестбонк"


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар як ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк"-ро барои гирифтани пора боздошт кард ва нисбати ӯ бар асоси моддаи 279-и Кодекси ҷиноятӣ ,парванда боз намуд.

Сӯҳроб Раҳимов, ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк" аз як муштарии бонк барои аз гарави бонк озод намудани се манзил 2500 доллар талаб карда, ҳангоми гирифтани 1500 доллар дастгир шуд. Оҷонсӣ мегӯяд, Сӯҳроб Раҳимов бар асоси шикояти як сокини Душанбе боздошт шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта аз ӯ ришва талаб карда буд.

Дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ин ҳуқуқшинос барои аз гарави бонк озод намудани манзилҳои истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Чортут - 61, Ҳилолӣ - 44 ва Хлопзаводская - 95, аз ӯ пора ба маблағи маблағи 2500 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 1000 доллари ИМА-ро пешакӣ гирифта, боқимонда 1500 доллари ИМА-ро талаб намудааст".

Кормандони ин оҷонсӣ Сӯҳроб Раҳимовро ҳангоми гирифтани 1500 доллари боқимонда (14 ҳазор сомонӣ) дастгир кардаанд. Боздошти ин ҳуқуқшиноси бонк дар ҳолест, ки "Агроинвестбонк" яке аз бонкҳои дучори мушкил дар Тоҷикистон аст.

"Агроинвестбонк" ба амонатдоронаш то оғози соли 2018 ҳар моҳ 500-сомонӣ пардохт мекард, вале моҳҳои охир ин пардохтҳо боз ҳам коҳиш ёфта, бархе аз муштариҳо мегӯянд, моҳҳо боз ҳамин маблағро ҳам дарёфт карда наметавонанд.

Мақомоти "Агроинвестбонк" дар гузашта гуфтаанд, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад.

XS
SM
MD
LG