Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали 7 кишвари Аврупо ба Мадуро хотима меёбад


Николас Мадуро ва Хуан Гуайдо
Николас Мадуро ва Хуан Гуайдо

Ҳафт кишвари Иттиҳодияи Аврупо барои эътирофи Хуан Гуайдо, ба ҳайси раиси ҷумҳури Венесуэла омода мешаванд, чун зарбулаҷали онҳо ба раиси ҷумҳур Николас Мадуро рӯзи 3-уми феврал ба поён мераасад.

Олмону Фаронса, Бритониё, Испониё, Португалия, Ҳолланд ва Белгия аз Николас Мадуро хоста буданд, дар зарфи як ҳафта ва то 3-уми феврал интихоботи нав эълон кунад. Аммо ӯ тақозоро “таҳқир” номида рад кард.

Николас Мадуро рӯзи 2-уми феврал дар як раҳпаймоии тарафдоронаш дар пойтахт шаҳри Каракас гуфт, ки “Раиси ҷумҳури ҳақиқии Венесуэла ман ҳастам”.

Амрикову Канада ва дигар кишварҳои бонуфузи амрикоӣ ба мисли Бразилия Аргентина ва Колумбия тарафдори Хуан Гуайдо, раиси 35-солаи порлумони Венесуэла ва пешвои мухолифон ҳастанд, ки ӯ рӯзи 23-уми январ худро раиси ҷумҳури муваққат эълон кард.

Аммо Русияву Чин аз Николас Мадуро ҳимоят мекунанд. Дар тазоҳуроти тарафдорону мухолифони Николас Мадуро дар як ҳафтаи гузашта 35 нафар кушта шудаанд.

Раиси ҷумҳури феълӣ, ки соли 2013 баъди даргузашти Ҳюго Чавез ба қудрат расид, ба мудирияти нодурусти иқтисоди фалаҷи Венесуэла ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG