Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Созмонҳо аз хориҷ 750 миллион сомонӣ гирифтаанд"


Созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 750 миллион сомонӣ "грант" ё кумаки билоиваз гирифтаанд. Ин рақам дар соли гузашта ба 855 миллион сомонӣ баробар буд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, грантҳоро асосан созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дарёфт кардаанд. Ба иттилои вазири адлия, дар кишвар беш аз 1700 созмони ғайриҳукуматӣ фаъол аст.

"Ҳудуди 58 миллион доллари грантҳо бо доллари амрикоӣ, тақрибан 8 миллион бо евро, наздики 8 миллион бо рубл, 2,5 миллион бо фунт стерлинг, 6,5 миллион бо франки швейтсарӣ ва ҳамчунин 78 миллион бо сомонӣ дастрас шудааст", - афзуд ӯ.

Вазири адлияи Тоҷикистон, инчунин, гуфт, дар соли 2018 беш аз 180 иттиҳодияи ҷамъиятиро сабтином карда, ба 85 ариза ҷавоби рад додааст. Рустами Шоҳмурод гуфт, "ҳолатҳое ҳаст, ки ҳуҷҷати онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба ҳар яке аз ин созмонҳо далели ҷавоби радро нишон медиҳем. Аксари онҳо баъди дуруст кардани ҳуҷҷатҳо дубора сабти ном шуданд."

Вазорати адлияи Тоҷикистон се сол пеш созмонҳоро муваззаф намуд, ки ҳамагуна даромад ва маблағҳои гирифтаашон аз хориҷро ба мақомот гузориш бидиҳанд.

Ҳарчанд ин пешниҳод боис ба нигаронии созмонҳо шуд ва онро ҳамчун фишор маънидод карданд, ҳукумат онро шаффофият ва танзими кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ номид.

XS
SM
MD
LG