Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии 80 000 рубли як намозгузор дар масҷиди Исфара


Маъмурони милисаи Исфара як сокини 56-солаи ин шаҳрро бо гумони дуздӣ дар масҷиди ба номи "Имом Бухорӣ" дастгир кардаанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ ба дуздии 80 ҳазор рубли русӣ (беш аз ҳазор доллари амрикоӣ) аз ҷайби як намозгузор гумонбар аст. Ҳодиса рӯзи 21-уми январ рух додааст. Аз нафари муттаҳам ва шахси ҷабрдида ном бурда намешавад. Танҳо гуфта мешавад, гумонбар сокини ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара аст. Қаблан низ мақомот аз чанд мавриди дуздӣ дар масҷидҳои кишвар хабар дода буданд. Соли гузашта дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон афроди ношинос компютерҳои ду масҷидро дар ин минтақа дуздиданд. Дар ин “протсессор”-ҳо навори равуои сокинон ва ибодати онҳо дар масҷид нигоҳдорӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG