Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон Эйр" парвозҳо ба самти Хуҷандро ду баробар зиёд кард


Қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз 11 январи соли 2019
Қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз 11 январи соли 2019

Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" рӯзи 21 январ хабар дод, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанберо то охири моҳи январ ду баробар зиёд мекунад.

Дар иттилоияи ширкат гуфта мешавад, ки аз имрӯз эътиборан то охири моҳ қарор шуд ширкат рӯзе ду дафъа ба Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад. Ин тасмим, ба навиштаи ширкат, бо сабаби муваққатан баста шудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд гирифта шудааст.

"Дар сурати то охири моҳи январ барқарор нашудани ҳаракати нақлиёти автомобилгард, ширкати ҳавопаймоӣ омода аст парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз идома диҳад", омадааст дар хабар.

Парвозҳоро аз пойтахт ба Хуҷанд ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мекунанд. Аммо мусофирон аз қимати билетҳо шикоят доранд. Яке аз корбарони Радиои Озодӣ навишт, ки қимати билетҳо 280 сомонӣ буд, ҳоло аз 400 сомон зиёдтар аст.

Рӯзи 21 январ ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” хабар дод, ки бинобар афзоиши хатари тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз субҳи дирӯз ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз километри 47 (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Сардори Маркази матбуоти ширкат Далери Абдулло гуфтааст, ки баъди бартараф шудани хавфи тармафароӣ дар ин мавзеъ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад.

Ӯ гуфтааст, ки ситоди муштараки кормандони ширкат ва вазоратҳои нақлиёту корҳои дохилӣ вазъ дар роҳро назорат мекунад.

XS
SM
MD
LG