Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо: "Истифода аз доруҳои шаҳватзо иҷозат аст"


Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламо – ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон – ба истифодаи ҳаб ё доруҳои шаҳватбарангез иҷозат дод. Дар ҷомеаи Тоҷикистон суҳбат аз мушкили ҷинсӣ як навъ табу дониста мешавад ва мардони тоҷик аз гуфтугӯ дар мавзӯи заъфи камар (импотенция) шарм мекунанд.

Аммо Абдувоҳид Ҳомидов, мутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламо, рӯзи 15-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун мардону ҷавонони зиёде дар бораи аз нигоҳи шаръӣ дуруст ё нодуруст будани истифодаи ҳабҳои шаҳватбарангез ё тақвиятдиҳандаи нерӯи мардӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ҳомидов гуфт, марказ бо таҳлили мавзӯъ ва баррасии ҳама адабиёти диниву мазҳабӣ ба хулосае расид, ки истифодаи ин гуна доруҳо аз назари шариат, дар сурати пеш омадани зарурат, ҷоиз аст.

"Вақте мард хостҳои шаҳвонии занро қонеъ карда наметавонад, истифодаи чунин доруҳо барои мард ҷоиз аст. Яъне, иҷозат танҳо барои зарурат аст, на барои ҳавову ҳавас", - афзуд ӯ.

Ин масъули идораи фатво гуфт, донишмандон бар асоси як қоидаи маъмул дар шариат истифодаи доруҳои шаҳватбарангезро иҷозат доданд. Ҳомидов гуфт: "Дар шариат ва мазҳаб як қоида аст: қоидаи усул. “Аз-зарурот тубийҳул-маҳзурот” қоидаи куллӣ мебошад. Ё ба ибораи дигар "зарурат дар куҷое, ки воқеъ шавад, мамнӯотро мубоҳ мегардонад”. Яъне, чизе, ки мамнӯъ аст, онро машрӯъ мегардонад”.

Масъалаи заъфи камари мардон ва истифода аз доруҳои шаҳватбарангез чанд сол боз дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳс мешавад. Табибон мегӯянд, баъзе ҷавонмардони тоҷик дар муҳоҷират дар шароити ногувор, аз ҷумла сардиву намии зиёд ба сар мебаранд ва дар натиҷа гирифтори илтиҳоби ҷинсӣ мешаванд, ки он тадриҷан ба заъфи камар мепечад.

Эътирофи ошкорои заъфи камар ва ё сустии нерӯи мардӣ ба андешаи бисёре аз мардон ба эътибори инсониву мардии онҳо зарба мезанад. Аз ин рӯ аксарият аз ифшои мушкили маҳрамонаи худ ҳиҷолат мекашанд, вале маҳз ҳамин ҳолат, ба қавли табибон, мушкили онҳоро дучанд мекунад.

Бахтиёр Баёнов, пизишки тоҷик, мегӯяд, бисёре аз мардон дар Тоҷикистон бинобар урфу одатҳо ва менталитет бо пайдо шудани мушкилии ҷинсӣ ба духтур муроҷиат намекунанд ё замоне муроҷиат мекунанд, ки бемориашон куҳна шудааст. Ӯ гуфт, “баъд меоянду мегӯянд, ки духтур як дору диҳед, то шарманда нашавем. Ба онҳо мефаҳмонӣ, ки барои баратраф кардани ин касалӣ як давраи табобатро бояд гузашт, ҳам бо доруву сузандору, маҳс ва гармӣ. Лекин аксарият тоқат надоранд ва дилашон мехоҳад, ки як доруро истеъмол кунанд ва шаб худро паҳлавон эҳсос намоянд. Дар бораи оянда фикр намекунанд”.

Баёнов мегӯяд, ин аст, ки аксарият бо эҳсоси заъфи камар роҳҳали зуд ва осонеро ҷуста ва аз дорухонаҳо маводи тақвиятдиҳандаи нерӯи мардиро харидорӣ мекунанд.

Дар дорухонаҳои Тоҷикистон даҳҳо навъи чунин доруҳо, ба мисли “Тонгат”, “Титан гел”, “Лошадиная сила” ва “Виагра”, фурӯхта мешаванд, ки аксарият истеҳсоли Ҳиндустон ва ё Русия ҳастанд.

Аммо ин духтури тоҷик мегӯяд, истифодаи бебаркаши чунин доруҳо бидуни тавсияи пизишк барои саломатии мард зиён дорад, “чунки истифодаи аз меъёр зиёди ин доруҳо фишори хунро метавонанд аз ҳад баланд кунад”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG