Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон бе тавсияи табиб доруҳои шаҳватзо намедиҳанд


Аз ин ба баъд дорухонаҳои Тоҷикистон ҳангоми фурӯши баъзе аз доруҳои тақвиятдиҳандаи нирӯи мардӣ дорухати пизишкро талаб мекунанд. Масъулон гуфтанд, зарурати чунин муқаррарот аз он ҷост, ки истифодаи ингуна мавод бе машварати табибон метавонад, оқибатҳои нохуш дошта бошад.

  • Истифода аз маводи нирӯдиҳанда аз ҷониби ҷавонон, ки бештар аз ҳавою ҳавас ва ҳам таҳти таъсири таблиғот сурат мегирад, афзудааст.
Бархе аз ҷавононе, ки ба мо муроҷиат мекунанд, дар асл бемор нестанд. Мушкили онҳо бештар психологист. Гумон мекунанд, ки нирӯи мардии онҳо заифтар шудааст ва аз мо машварат мепурсанд, чӣ кор кунанд?

Суду зиёни доруҳо

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (собиқ Хадамоти назорати давлатии фаъолияти формасевтӣ) ҳоло баъзе аз анвои доруҳои тақвияти нирӯи мардиро ба рӯйхати доруҳое ворид кардааст, ки он бо тавсия (ресепт)-и табиб фурӯхта мешаванд.

Маҳмадалӣ Давлатов, масъули ин хадамот, рӯзи 30-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ қисме аз доруҳо бо тавсия ва дорухати духтур ва қисмати дигар бидуни тавсияи духтурон фурӯхта мешаванд. Ба гуфтаи Давлатов, доруҳои шаҳватзо ва тақвиятдиҳандаи нирӯи мардӣ дар ҳарду феҳрист низ ҳастанд.

Маҳмадалӣ Давлатов
Маҳмадалӣ Давлатов

Ӯ гуфт, "мушкил дар ин нест. Бояд духтурон бештар дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, фоида ва зарари ҳар як доруро шарҳ диҳанд.”

Тавсияи пизишк муҳим ё тавсияи ҳамсоя?

Ҳамсуҳбати мо афзуд, мушкил чандон дар фурӯши озод ва дастрас будани доруҳо нест, балки дар фарҳанги истифодаи давост, ки мисли ҳар доруи дигар дар баробари фоида, зиёни ғайримустақим дорад.

Истеъмолкунандаҳои ин мавод, мисоли дорувори дигар, бояд бидонанд, ки то куҷо ин дору ба организми онҳо муносиб аст ё на, бахусус агар инсон ҳамзамон ба хотири муолиҷаи бемории дигаре дору истеъмол мекунад.

“Дар мо ҳолатҳое дучор меояд, ки як ҳамсоя мегӯяд, ман ҳамин доруро хӯрдам ва ба ман фоида кард. Ин нафар ҳам бо тавсияи ҳамсоя дору мехарад. Лекин дар ҳамаи баромаду вохӯриҳо бо мардум таъкид мекунем, ки организми ҳар нафар хосиятҳои худро дорад, танҳо бо тавсияи духтур дору истеъмол кунед. Мо оҳиста-оҳиста бояд аз худмуолиҷа даст кашем”, - иброз дошт Маҳмадалӣ Давлатов.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, барои ҷилавгирӣ аз сӯистифода аз доруҳо аз таҳиягарони “реклама” талаб мекунанд, ки ба мизоҷон ҳушдор бидиҳанд, ки “Бо тавсияи табибон истифода кунед” ва “Қабл аз истифода бо дастурамал шинос шавед”.

Дарде, ки сари мардҳоро "паст" кардааст

Дар Тоҷикистон аксар мардон ҳангоми гирифтор шудан ба бемории заъфи камар аз муроҷиат ба пизишкон истиҳола мекунанд. Аксари онҳо аз ифшои мушкили маҳрамонаи худ ҳиҷолат мекашанд, вале маҳз ҳамин ҳолат, ба қавли табибон, мушкили онҳоро дучанд мекунад.

Парвизи Икром, табиби аъзои таносул машғул аст, мегӯяд, маъмулан мардони синнашон аз 50 боло ба бемории заъфи камар дучор мешаванд.Аммо мегӯяд ӯ, вақтҳои охир бештар ҷавонон аз доруҳои шаҳватзо истифода мекунанд, ки аксар вақт ба саломатии онҳо зиён дорад.

Ӯ гуфт, “бархе аз ҷавононе, ки ба мо муроҷиат мекунанд, дар асл бемор нестанд. Мушкили онҳо бештар психологист. Гумон мекунанд, ки нирӯи мардии онҳо заифтар шудааст ва аз мо машварат мепурсанд, чӣ кор кунанд? Албатта, онҳоро ташхис мекунем, агар бемор бошанд, муайян мешавад. Вақте ба онҳо мегӯянд, ту бемор нестӣ, ба ин посух қонеъ намешаванд.”

Як занги телефонӣ кофист, ки...

Ин пизишки тоҷик гуфт, аз ин рӯ бархе аз ҷавонон худсарона доруҳои тақвияти нирӯи мардӣ, ба мисли “Тонгат”, “Титан гел”, “Лошадиная сила”-ро харидорӣ ва истифода мекунанд. Ба қавли ӯ, истифодаи аз меъёр зиёд ва бебаркаши он метавонад баръакс боиси халал ёфтани саломатии онҳо гардад. Аксари ин маводи дорувор аз Русия, Ҳинд, Украина ва Беларус ворид мешавад.

Вале бо сабаби инки на ҳама хосторони истифодаи доруҳои тақвиятдиҳандаи нирӯ аз ошкоро харидани ин мавод андеша мекунанд, ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ меоранд, ки таблиғоти ин маводи зимнан даромаднок барои фурӯшандаашро хеле фаъолона ба роҳ мондаанд. Як занги телефонӣ ва пардохти қимат доруро то дари хонаи муштарӣ мерасонад.

Аксар мардон дар Тоҷикистон аз эътирофи ошкори заъфи камар ва ё сустии нерӯи мардӣ шарм мекунанд, чун ба ин андеша ҳастанд, ки ин мавзӯъ ба эътибори инсониву мардии онҳо зарба мезанад. Вале табибон мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ набояд ин ва дигар дарду нигарониҳоро пинҳон дошт, чунки муроҷиати саривақтӣ ба мутахассис метавонад, дар раҳоӣ аз дард ва хушбахт кардани инсон мусоидат кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG