Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозати Шӯрои уламо барои бо дору афзудани нерӯи мардӣ


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон истифодаи дору барои афзоиши нирӯи мардиро иҷозат дод.

Ин ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ дар вебсайти расмиаш навишт, "истифодаи дору барои тақвияти нирӯи мардӣ боке надорад, ба шарте ки ба саломатӣ зарар нарасонад."

Тайи ду соли ахир номгӯи чанд дору ва малҳам барои афзоиши нирӯи мардӣ дар Тоҷикистон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳои махсус ба таври густарда таблиғ мешавад. Чун ҷомеаи Тоҷикистон мусалмонист, баъзе афрод ба даҳони рӯҳониён менигаранд, ки дар мавриди "масоили нозук" чӣ мегӯянд.

Одатан мардони тоҷик аз сӯҳбат дар мавзӯи заъфи камар шарм мекунанд. Аммо табибони урологу андролог дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин авохир муроҷиати чунин беморон афзудааст.

То ба ҳол омори комиле дар ин замина вуҷуд надорад. Мақомот танҳо соли 2012 гуфта буданд, ки ба пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии момодоягӣ наздик ба 900 мард бо мушкили ҷинсӣ муроҷиат кардаанд ва ташхиси тиббӣ маълум намудааст, беш аз 600 нафари онҳо ба заъфи камар гирифторанд.

XS
SM
MD
LG