Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На бӯсу канор, на ишқварзӣ. Тоҷикистон саҳнаҳои фаҳшоро қайчӣ мезанад


На бӯсу канор ва на лаҳзаҳои хуфтухоб. Бино ба оинномаи нави "Тоҷикфилм", пахши ҳамагуна саҳнаҳои шаҳватбарангези филмҳои хориҷӣ ва дохилӣ дар телевизиону кинотеатрҳои кишвар мамнуъ шуд. Мақомот гуфтанд, чунин саҳнаҳоро аз дохили филмҳо ёфта, қайчӣ хоҳанд зад.

"Намоиши чунин лаҳзаҳо ба фарҳанги мо рост намеояд"

Дар робита ба танзими соҳаи синамо - хоҳ бо ҳадафи ахлоқӣ, хоҳ ҷорӣ кардани сензура - миёнаи тилоӣ вуҷуд надорад. Соҳаи синаморо ё бояд озод гузошт, ё бояд комилан манъ кард.

Як мақоми муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" рӯзи 13-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин оиннома ба тозагӣ аз тарафи ҳукумат қабул шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст. "Оинномаро пешниҳодро кардем ва ҳукумат тасдиқ намуд. Ҳамаашро "Тоҷикфилм" назорат мекунад. Дар кинотеатрҳо, дубляжҳо ва студияҳо. Намоиши чунин лаҳзаҳо ба фарҳанги мо рост намеояд. Худо хоҳад, ҳамаашро дар як чаҳорчӯба медарорем", - афзуд мусоҳиби мо.

Ин мақоми "Тоҷикфилм" афзуд, интизор меравад, як ҳайати мушовара аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун низ ташкил шавад. Ин ҳайат ҳама филмҳои хориҷӣ ва тоҷикиро баррасӣ ва барои пахшу намоишаш иҷозат хоҳад дод.

"Ҳаққи муаллифиро ҳам месанҷем"

Ӯ гуфт, "ҳар филме, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид мешавад, бе иҷозаи мо пахш намешавад. Ҳайати мушовара филмҳоро тамошо мекунад, ки оё дар Тоҷикистон намоиш доданаш мумкин аст, ё не. То иҷоза набошад, пахш намешавад. Боз мебинем, ки ин филмро харидаанд ё дуздӣ аст. Тоҷикистон ба Конвенсияи кино ворид шудааст ва агар Худо накарда, даъвои ҳаққи муаллифӣ пеш ояд, ҷаримаи калон хоҳад шуд."

Дар гузашта телевизионҳои Тоҷикистон то ҳадде аз пахши саҳнаҳои фаҳшо худдорӣ мекарданд. Ё чунин саҳнаҳоро "қайчӣ" мезаданд, ё бо таблиғоти молу маҳсулот мепӯшонданд.

Лаҳзае аз намоишномаи "Наход, ки ман нестам"
Лаҳзае аз намоишномаи "Наход, ки ман нестам"

Сокинони Тоҷикистон ба намоиши саҳнаҳои шаҳватбарангез дар филму намоишномаҳои театрӣ ҳассосанд. Аз ҷумла, тобистони соли гузашта намоиши "Наход, ки ман нестам"-и ҳунармандони театри Маяковскийи пойтахт бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд. Баъзе аз мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки дар намоишнома гӯё тарғиби фаҳшу шаҳват миёни кӯдаконро дарёфтанд. Ҳарчанд дертар мақомоти ин театр гуфтанд, ки чунин гап дар ҳаққашон дуруст нест.

"Ё озод гузоред, пурра манъ кунед"

Ёқуб Ҳалимов, хабарнигори тоҷик, рӯзи 13-уми март чунин тасмими “Тоҷикфилм”-ро як навъ маҳдудсозӣ номид ва гуфт, “агарчӣ хубанд, аммо корсоз нестанд."

Ӯ афзуд, "бинанда на танҳо дар толорҳои синамо ё шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон филм тамошо мекунад. Садҳо шабакаи телевизионӣ тариқи моҳвора, каналҳои бешумор тариқи интернет филм пешниҳод мекунанд. Ҳамаи инро чӣ хел мешавад танзим кард? Фикр мекунам, дар робита ба танзими соҳаи синамо - хоҳ бо ҳадафи ахлоқӣ, хоҳ ҷорӣ кардани сензура - миёнаи тилоӣ вуҷуд надорад. Соҳаи синаморо ё бояд озод гузошт, ё бояд комилан манъ кард."

Ёқуб Ҳалимов
Ёқуб Ҳалимов

Охири моҳи феврали имсол раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков низ зери тағйирот ба қонуни ин кишвар дар бораи дастгирии давлатии синамо имзо гузошт, ки бар асоси он дар филмҳо саҳнаҳои фаҳш ё даъват ба барангехтани адовати миллӣ, динӣ ва таҳаммулнопазирӣ бояд набошад.

Қирғизистон моҳи октябри соли 2016 намоиши филмҳоеро, ки саҳнаҳои фаҳш доранд, манъ карда буд. Ин гуна саҳнаҳоро комиссияи байниидоравии ташхис муайян мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG