Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки тақозои мулоқот бо Мирзиёевро дошт, боздошт шуд


Нафосат Оллошукурова, сокини 31-солаи ноҳияи Урганҷ, ки тақозои мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистонро дошт, бо ҷурми авбошӣ ба панҷ шабонарӯз ҳабс маҳкум шудааст. Чаҳор ҳамроҳи ӯ, ки низ айни тақозоро доштанд, ба пардохти ҷарима муваззаф шудаанд.

Ин занҳо рӯзи 9-уми январи имсол дар назди бинои Маҷлиси Олии Узбекистон ҷамъ омадаанд, ки дар дохили бино қабулгоҳи мардумии президент Мирзиёев воқеъ аст. Дар ин бора ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар додаанд.

Занҳо аз шаҳри Хоразму Самарқанд ва вилояти Тошканд омада, аз амалкардҳои ба қавли онҳо ғайриқонунии мақомот маҳаллӣ шикоят доштаанд. Дар наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, яке аз занҳо фарёд мезанад: “Мардум президентро интихоб кардааст ва бигзор ӯ ба назди мардум барояд.”

Мақомоти расмии Узбекистон ин қазияро шарҳ надоданд.

Як рӯз пеш аз боздошташ Нафосат Оллошукурова дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ аз он шикоят кардааст, ки мақомоти Урганҷ ӯро аз хонаи иҷорааш берун андохтанд.

Дар моҳи июли соли гузашта низ зане, ки талаби мулоқот бо Шавкат Мирзиёевро дошт, ба 11 рӯзи ҳабс маҳкум шуда буд.

XS
SM
MD
LG