Пулиси Миср мегӯяд, ки дар пайи амалиёти хос дар он кишвар чиҳил ҷангҷӯи эҳтимолиро куштаанд.
Вазорати корҳои дохилии Миср рӯзи 29-уми декабр дар баёнияи расмӣ гуфт, чиҳил нафар дар амалиёти ҳамоҳангшудаи нерӯҳои амниятӣ дар минтақаи Ҷиза ва нимҷазираи Синой кушта шуданд.
Бино ба хабари телевизиони давлатии Миср, "унсурҳои террористӣ" қасд доштаанд, ки ба ниҳодҳои давлатӣ, бахши сайёҳӣ, нерӯҳои амниятӣ ва калисоҳо ҳамла кунанд.
Амалиёти нерӯҳои пулиси Миср баъди як рӯзи таркиш дар наздикии Аҳроми бостониии Қоҳира сурат гирифт. Дар ин таркиш чаҳор нафар кушта шуда ва 12 тан маҷруҳ шуданд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Миср гуфта буд, ки кушташудаҳо сайёҳони ветнамӣ буданд. Дар миёни захмиҳо низ ёздаҳ ветнамӣ ва як ронандаи мисрӣ ҳастанд.
Масъулияти ҳамларо то ба ҳол касе ё гуруҳе бар дӯш нагирифтааст. Дар ду соли гузашта бори аввал аст, ки сайёҳони хориҷӣ дар Қоҳира ҳадаф қарор мегиранд.
Нерӯҳои Миср чандин сол боз дар нимҷазираи Синой бо ифротгароён даргир ҳастанд.