Пайвандҳои дастрасӣ

"Аз 21 узви ҳукумати Тоҷикистон танҳо як нафар зан аст"


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба боло бурдани нақш ва ҳузури занон дар сохторҳои давлатӣ даъват кард. Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон, ки рӯзи 26-уми декабр садо дод, ба ин масъала ба таври ҷудогона муроҷиат шуд.

Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Бояд саҳмияи баробар ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар маҳалли кор ва ҳам дар майдони сиёсат эълон кунанд

Танҳо як зан - узви ҳукумат

Бо онки тақрибан ниме аз ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва барномаи давлатии боло бурдани мақоми зан низ тасвиб шудааст, ҳузури "ҷинси латиф" дар мақомҳои давлатӣ бо мардон қобили муқоиса нест. Дар ҳоли ҳозир танҳо як зан – вазири меҳнату муҳоҷират Сумангул Тағойзода – узви ҳукумати Тоҷикистон аст. Боқимонда 20 узви дигари ҳукумат, ки аз вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст, марданд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони “Бонувони дорои маълумоти олӣ” рӯзи 28-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки занони тоҷик бештар дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф фаъолият доранд. Бобосодиқова, ки дар даврони Шӯравии собиқ котиби севуми ҳукумати Тоҷикистон буд, гуфт, даъватҳо набояд фақат бо қонуну барнома маҳдуд шавад, балки ҷанбаи амалӣ касб кунад.

Гулҷаҳон Бобосодиқова
Гулҷаҳон Бобосодиқова

“Фаъолияти занон то расидан ба мақоми вазирӣ бояд дар арсаи сиёсӣ, вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ, дар сатҳи минтақаву шаҳрҳо дастгирӣ шавад”, - афзуд ӯ.

Тухми нобаробарӣ аз куҷост?

Президент Раҳмон рӯзи 26-уми декабр дар бораи ташвиқи бештари духтарон ба омӯзишу таҳсил, боло бурдани нақши зан дар ҷомеа, даъвати бонувон ба корҳои идориву раҳбарӣ дар сохторҳои гуногун суҳбат кард. Ин таъкидҳо, зоҳиран бесабаб нест, чун ба қавли коршиносон, ҳузури занҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ба мисли даврони Шӯравӣ нест.

Низоми Шӯравӣ, ки таҳсили ройгонро кафолат медод, барои соҳибилм ва ихтисос шудани занони зиёд мусоидат кардааст. Вале баъди пошхӯрии Шӯравӣ, ноамниҳои солҳои 90-ум ва бештар суннатгаро шудани ҷомеа духтарон камтар ба таҳсили олӣ таваҷҷӯҳ карданд ваё дар маҳдудаву фишори хонаводаҳои худ дармонданд.

Зулайхо Усмонова
Зулайхо Усмонова

Зулайхо Усмонова, пажӯҳишгари масоили занон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тухми нобаробарии ҷинсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз аз таваллуди тифл дар хонавода кошта шуда, то интихобу таҳсил, зиндагиву кор дар идораҳои давлатӣ идома мекунад.

“Мiddle age man club”

“Ин андешаҳо, ки зан ҳамеша хидматгор бошад ва дар мавқеи як зина поинтар аз мард қарор гирад, ба зан имкон намедиҳад нақши боризтар аз он чизе ки барояш ҷудо шудааст, дошта бошад”, - шарҳ дод Усмонова.

Ҷомеашиносони тоҷик бовар доранд, ки мустақилии зан ва талоши ӯ барои ифодаи мавқеаш ба унвони як шахсият пеш аз ҳама мардони хонаро ҳаросон мекунад. Шаҳзодаи Самарқандӣ, журналист ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд мегӯяд, кор дар самти ҷалби фаъоли бонувон ба ҳаёти ҷамъиятӣ “аз толори порлумон бояд шуруъ шавад”. Ба гуфтаи ӯ, як нигоҳ ба толоре, ки президент суханронӣ мекард, нишон дод, ки ҳатто се дарсад ҳам занону ҷавонон ҳузур надошта, “ҳамагӣ мардҳои миёнсол буданд”.

Шаҳзодаи Самарқандӣ
Шаҳзодаи Самарқандӣ

Ин вазъ, ба гуфтаи ин журналисти тоҷик, “middle age man club” ё маҷлиси мардҳои миёнсолро мемонад, ки решаҳои мардсолориро ба намоиш мегузорад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ гуфт, “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Бояд саҳмияи баробар ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар маҳалли кор ва ҳам дар майдони сиёсат эълон кунанд. Банди мушаххас дар Қонуни асосии кишвар ворид карда, ҳар мудиреро, ки аз он саркашӣ кард, бояд аз масъулият ронд.”

"Сақф"-е барои боло рафтани занон

Марям Давлатова – равоншинос ва таҳлилгари масоили гендерӣ, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир вазъи нобаробарии ҷинсӣ беҳтар шудааст, аммо ҳанӯз барои занон ҳангоми кор дар идораҳои давлатӣ “сақф”-е вуҷуд дорад, ки аз он набояд болотар равад.

Марям Давлатова
Марям Давлатова

“Занон корҳоеро анҷом медиҳанд, ки зуд онҳоро асабиву афсурда мекунад. Боз онҳоро ба ҷое ба кор мегиранд, ки маоши камтар дорад. Ин зан модари танҳо ва фарзанд дошта бошад, аз ин кор тез хаста мешавад ва худ корро партофта меравад”, - афзуд ӯ.

Вале ба бовари бонувоне, ки тавонистанд ба мартабаҳои баланди корӣ бирасанд, дастёбӣ ба муваффақияту пешрафт дар бисёр ҳолатҳо аз худи занон вобаста аст. Мавлуда Қаландарзода моҳи феврали соли гузашта ба мақоми раиси Додгоҳи олиии иқтисодии Тоҷикистон таъйин шуд.

Ӯ рӯзи 28-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то расидан ба сатҳи раҳбарӣ, зан бояд зинаҳои пешрафт дар корро “як ба як тай карда тавонад ва масъулиятшинос бошад”.

Мавлуда Қаландарзода
Мавлуда Қаландарзода

Қаландарзода мегӯяд, фаъолияташро аз котиби маҷлиси додгоҳӣ дар замони донишҷӯӣ шуруъ карда, то ба симати вакили порлумон расид ва ҳоло – раиси Додгоҳи олии иқтисодии кишвар аст. Ӯ ба ин бовар аст, ки занҳо набояд танҳо бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳое ба монанди маорифу тандурустӣ маҳдуд шаванд, балки дар сохторҳои додгоҳиву интизомӣ ва бонкдорӣ ҳам ҳузур дошта бошанд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар минтақа аст, ки теъдоди занон аз мардон камтар мебошад. Аз рӯйи омори соли 2016 занон дар кишвар 49,76 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд. Бо назардошти онки аҳолии Тоҷикистон дар соли 2016 8,73 миллион буд, дар кишвар 42 ҳазор мард бештар аз зан вуҷуд дошт. Коҳиш ёфтани теъдоди занон дар Тоҷикистон аз авохири солҳои 90-ум шурӯъ шуд.

  • 16x9 Image

    Сарвинози Руҳуллоҳ

    Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад.

    Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

    Қаблан корманди радиои "Имрӯз", хабаргузории "Тоҷнюс", Оҷонсии иттилоотии "Ховар" ва радиои "Ховар" буд

XS
SM
MD
LG