Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Хатлон аз роҳи озмун духтарони боистеъдод ва лоиқи кор дар сохторҳои раҳбарикунандаро интихоб мекунанд. Озмуне, ки бо исми рамзии "Зан-сарвар" эълон шудааст, аз 142 номзад 25 нафари беҳтаринро интихоб ва шонси онҳоро барои ворид шудан ба мақомоти сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ дар оянда бештар мекунад.

Шарт ин аст, ки духтарҳо бояд дар масоили сиёсӣ, ҳуқуқ ва ҳунари суханварӣ дониши хуб дошта бошанд, инчунин сиёсати давлатро дар пӯшидани либоси миллӣ ҳам риоя кунанд.

Ташаббускоронаш, мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, озмун махсус дар Соли ҷавонон бо ҳадафи пуштибони духтарони болаёқати маҳаллӣ амалӣ мешавад. Раъно Раҳимзода, раиси идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон ва яке аз ташаббускорони озмун дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъди аз озмун гузаштан, духтаронро омода мекунем, яъне бо онҳо кор мекунем, ки роҳбариро хубтар омӯзанд ва дар оянда занони роҳбар бошанд. Ҳар нафаре, ки аз озмун мегузарад, дар захираи кадрии ҳукумат барои вазифаҳои оянда сабти ном мекунем, ки кор кунанд."

Ҳунари духтарҳои довталаби кор дар ҳукумат, аъзои ҳакамон - номзадони илм, шоирону адибон, сиёсатмадорони маҳаллӣ баҳогузорӣ мекунанд. ​ Сайёҳат Ғуломова, донишҷӯи 21-солаи донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа ва яке аз иштирокчиёни ин озмун мегӯяд:

"Суолҳои зиёд доданд, посух додам, масалан аз ҳуқуқ, таъриху сиёсат суол доданд, андешаамро баён кардам, ки агар роҳбар бошам, серталаб хоҳам буд ва бо зердастонам муносибати хуб хоҳам кард. Аз кӯдакӣ орзу доштам, ки роҳбар бошаму вазифаи роҳбариро дар соҳаи маънавиёт бар дӯш гирам."

Сайёҳат, донишҷӯи соли чорум ба феҳристи захираҳои кадрии ҳукумати вилояти Хатлон ворид шудааст ва дар оянда ба ҳангоми интихоби кадрҳои нав ба сохторҳои ҳукуматӣ, номзадии ӯ ҳам баррасӣ мешавад.

Хатича Ализода, як зани хатлонӣ, ки беш аз 50 сол дар мақомот кор карда ва ҳоло рамсм осорхонаи ҳукумати вилоят аст, аз ҳакамони озмун мебошад.

Хонуми Ализода гуфт, аз дидани духтарҳои боистеъдоди зиёд, ки хеле фаъолон буданду донишу заковати хубе нишон доданд, шод шудааст: "Ҳар нафаре, ки меояд донишашро месанҷем, ба суолҳои мо посух медиҳад, шод шудем, ки ҷавонҳои бомаҳорат ҳастанд, дар шаҳри Кӯлоб низ духтарони хуберо барои роҳбар будан кашф кардем, сину соли мо ба ҷое расидааст, ки бояд ҷавононро омода созем."

Ҳоло танҳо натиҷаҳои озмун дар шаҳри Қӯрғонтеппа мушаххас шудааст, барандаҳои озмун аз шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят дар рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд. Ташаббускорони озмун мегӯянд, ки дар хонаводаҳои маҳаллӣ нақши зан ҳамоно чандон бориз нест ва духтарҳои рӯшанфикру боистеъдоди зиёд маҷбуранд аз рӯи қоидаҳои зиндагии суннатӣ зиндагӣ кунанд.

Онҳое, ки лаёқати раҳбарӣ ва ё иҷрои корҳои бомасъулият, қабули қарорро доранд, зери соя мемонанд, аз ҷониби оилаву ҷомеа зиёд пуштибонӣ намешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба зарурати дастгириву пешбарии занон дар мақомоти давлатӣ даъват карда, стратегияи миллии фаъолсозии нақши занонро барои солҳои 2011 то 2020 қабул кардааст. Ҷудо аз ин, аз соли 2007 ба хотири таъмини деҳоту русто бо кадрҳои баландихтисос ва хатмкардаҳои мактабҳои олӣ квотаи донишҷӯӣ ҷорӣ шуд. Дар солҳои аввал ин квота махсуси духтарони деҳот буд ва ҳар сол барои соҳибмаълумот кардани ҳазорҳо ҷавон мусоидат кард.

Ташаббускорони озмуни "Зан - сарвар" мегӯянд, ки дар шаҳру навоҳӣ ва рустоҳои кӯҳистон мушкили аслии занҳову духтарҳо – бекорӣ ва набуди даромад аст ва шумори хеле ками онҳо бо шуғле машғул ҳастанд, ки барояшон як миқдор кӯмаки молӣ медиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG