Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби "Зан --роҳбар" ба Нигор чӣ дод?


Нигор Толибова.
Нигор Толибова.

Рӯзи 2-юми январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа 172 тан хатмкунандаи мактаби яксолае бо исми рамзии “Зан -- раҳбар” аз ҷониби мақомоти вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ҳар як соҳиби шаҳодатномаи дарсҳои махсуси раҳбарӣ ҳамакнун шонси пайдо кардани кор дар сохторҳои ҳукумати маҳаллиро доранд ва исми дигарҳо дар хазинаи вижаи кадрҳо сабт хоҳад шуд. Ҳамаи ин духтарҳо баъди хатми мактабҳои оливу миёнаи махсуси вилоят тавонистанд дар ин мактаби яксолаи омода кардани занони раҳбар, таҳсил кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, шумораи занони роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон дар Хатлон дар як соли пеш ба 5 ҳазору 200 нафар расидааст.

Нигор Толибоваи 26-сола, сокини деҳаи 16-солагии Истиқоли ҷамоати Кабуд Сайфиддинови ноҳияи дурдасти Панҷ яке аз ширкатдорони ин давраи таҳсилӣ буд. Ӯ соли 2013 баъди хатми мактаби миёна волидонашро розӣ кард то ба идомаи таҳсили ӯ розӣ шаванд ва ҳамин тариқ шомили Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа шуд.

Волидони Нигор бовар доранд, ки духтар дар зиндагӣ бояд пойбанди ташвиши рӯзгор бошад ва зиндагии оилавиву тарбияи фарзанд муҳимтар аз ҳама гуна корҳои ҷамъиятӣ мебошад. Мегӯяд, дар ҳоле, ки бисёр духтарон дар Душанбе на танҳо ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ, балки имкони таҳсил дар хориҷаро ҳам дар ихтиёр доранд, ӯ барои дарёфти ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ ризоияти волидон, бародарон ва амакҳоро ба даст овардааст.

Нигор мегӯяд, дар хонаводаи бисёр муҳофизакору суннатие, ки ӯ бузург шудааст, аз донишҷӯ шудани ӯ дар Қӯрғонтеппа хиҷолат мекашиданд ва ӯро сарзаниш мекардаанд: "Ман дар як хонаи суннатӣ ба дунё омадаам. Аз авлоди мо ҳеҷ зане таҳсил накарда буд. Ман қолабро шикастам, донишҷӯ шудам. Аммаҳо, падару бародаронам зид буданд, мегуфтанд, ки духтар хонда чӣ мешавад?"

Баъди хатми донишгоҳ Нигор ба давраи омӯзишии занони раҳбар рафт ва зери назари журналистону мақомоте, ки пештар чеҳраҳояшонро бештар аз телевизиони давлатӣ медид, сиёсатшиносӣ, дарси суханварӣ, муомила бо мардум ва худидоракуниро омӯхт.

"Муносибати зани роҳбар бояд чигуна бошад, муносибат бо мардум, контрол кардани худ дар миёни мардумро омӯхтам. Муносибати оиладорӣ, талаботи хусуру хушдоман дар хонаи шавҳар низ хуб буд, ки омӯхтам ва хело ҷолиб буд. Насиҳат ва машварати модаронаи занони роҳбар буд, ки сиёсат ва роҳбариро ба мо омӯхтанд."

Ин духтари ҷавон мехоҳад ҳатман ба ҷое бирасад, то барои мардуми деҳи худ ва ҳам духтарони дигари русто дар таҳсилу кор раҳнамо шавад. Нигор бовар дорад, ки ҳоло аз ҳар вақти дигар бештар лозим аст, ки духтарони деҳу рустоҳои дурдасти Тоҷикистон дастгирӣ ва ба таҳсилу кор ҷалб шаванд. Нигор мегӯяд, деҳоти кишвар ба духтурону омӯзгорони зан эҳтиёҷ доранд, то тавонанд барои занону духтарони маҳаллӣ хизмат кунанд.

Нигор то замоне ки шавҳар надошт, ҳамеша талош мекард, ки ба зодгоҳаш баргардад ва онҷо кору зиндагӣ кунад. Вале ҳоло хонаи шавҳараш дар Қӯрғонтеппа аст, аммо талошҳои худро барои сокинони деҳа ва ҷалби духтарон ба таҳсил идома медиҳад.

Саида Нуруляминова
Саида Нуруляминова

Саида Нуруляминова, роҳбари бахши кор бо занон ва оила дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 40 нафар духтарон аз минтақаи Кӯлоб дар ин давра ширкат доштанд, ки хатмкардаҳои донишгоҳу коллеҷҳо будаанд, Нурламинова гуфт, ки мақсад омода кардани занони роҳбар будааст: "Мақсад тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон аз ҳисоби духтарон мебошад, ки анҷом шуд, то тавонанд роҳбар бошанд. Дар дарсҳо имиҷи зани роҳбар, мавзӯъҳои дигар, хусусан зан ва сиёсатро омӯхтанд."

Раъно Раҳимзода, сардори Идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 172 духтаре, ки давраи яксолаи таҳсил ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи "Занони роҳбар"-ро гирифтаанд, бекор намемонанд ва дар захираҳои кадрӣ сабт шуда ва онҳо аз аввалин номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ хоҳанд буд.

Ҳоло маълум нест, ки ин мактаб кори худро барои интихоб ва омӯзиши духтарони роҳбар идома медиҳад ё не, вале гуфта мешавад, ки ин духтарон огоҳии сиёсияшон санҷида шуда, баъдан ба давраи омӯзиши роҳбарӣ даъват шудаанд. Дар курсе, ки як сол барои духтарон идома дошт, донишҷӯдухтарон аз донишгоҳу донишкадаҳои вилоят аз шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ва ноҳияи Данғара, ҷалб шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба зарурати дастгириву пешбарии занон дар мақомоти давлатӣ даъват карда, Стратегияи миллии фаъолсозии нақши занонро барои солҳои 2011 то 2020 қабул кардааст. Ҷудо аз ин, аз соли 2007 ба хотири таъмини деҳоту русто бо кадрҳои баландихтисос ва хатмкардаҳои мактабҳои олӣ, квотаи донишҷӯӣ ҷорӣ шуд.

Дар солҳои аввал ин квота махсуси духтарони деҳот буд ва ҳар сол барои соҳибмаълумот кардани ҳазорҳо ҷавон мусоидат кард. Ташаббускорони озмуни "Зан роҳбар" мегӯянд, ки дар шаҳру навоҳӣ ва рустоҳои кӯҳистон мушкили аслии занҳову духтарҳо бекорӣ ва набуди даромад аст. Тибқи иттилои расмӣ, шумораи занони роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон дар Хатлон дар як соли пеш ба 5 ҳазору 200 нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG