Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шаш зани фаъоли тоҷик дар Фейсбук аз нигоҳи Global Voices


Парӣ Саидова.
Парӣ Саидова.

Платформаи байнулмилалии блоггерии Global Voices бори аввал 6 зани тоҷикро барои фаъол будан дар шабакаи иҷтимоии Facebook, раддабандӣ кардааст.

Дар остонаи Рӯзи Модар платформаи байнулмилалии блоггерии Global Voices бори аввал 6 зани тоҷикро барои фаъол будан дар шабакаи иҷтимоии Facebook, раддабандӣ кард.

Муаллифи ин тарҳ хабарнигори тоҷик Абдуфаттоҳ Шафиев рӯзи 9 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки занҳо «бинобар сабаби саҳми нодирашон дар Тоҷикистони муосир» интихоб шудаанд.

Дар ин раддабандӣ, муаллиф нахуст аз “таблиғгари хастанашавандаи фарҳанги тоҷикон” Манзура Маҳкамова ном бурдааст. «Хонум Маҳкамова, собиқ мушовири президент оид ба масоили иқтисодӣ,

Манзура Маҳкамова.
Манзура Маҳкамова.

модари ду фарзанд, молики тиҷорати муваффақи консалтингӣ мебошад, ки то то маъруф шуданаш дар Facebook, яке аз фаъолони чандин гурӯҳҳо буд», - зикр мегардад дар мавод.

Таъкид мешавад, ки ӯ дар Facebook гурӯҳи «I love Хуҷанд»-ро таъсис дод, то ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар дуюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон мусоидат намояд.

Абдуфаттоҳ Шафиев дар зинаи дуюми ин рӯйхат собиқ рӯзноманигор - «маликаи шабака» - Шаҳноз Комилзода, модари ду кӯдакро қарор дода, ӯро «хонуми маъруфтарин аз Тоҷикистон дар Facebook» унвон кардааст. Бурди ӯро дар донистани хуби ду забон: тоҷикӣ ва русӣ мебинад. Худи Шаҳноз Комилзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин унвон барояш ғайриинтизор буд, вале ба таъкиди ӯ шабакаи Фейсбук дар зиндагии ӯ нақши бештар дорад.

Шаҳноз Комилзода
Шаҳноз Комилзода

Хонум Комилзода мегӯяд, ки “ҳамеша сари кор ҳастем ва аз ҳоли хешу табор ва дӯстон аз наздик хабардор нестем. Ҳамин Фейсбук аст, ки моро наздик мекунад ва аз ҳоли ҳамдигар мепурсем. Ҳамчунин бисёри вақт ман дар сафар ҳастам ва дар роҳ ҳамеша аз шабакаи иҷтимоӣ истифода мекунам, ҳар акси зеборо, ки писандам мешавад, рӯи саҳфаи худ мекорам ва ё аз мушкили онҳое ки ба кӯмак ниёз доранд, дар инҷо менависам, то афроди хайрхоҳ ба онҳо кӯмак кунанд. Ин аст таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар зиндагиву кори ман.”

Парӣ ё Парвина Саидова, соҳибхоназани “Олимақом” дар рӯйхати 6 зани маъруфи тоҷик дар Фейсбук дар ҷои севвум аст. Парвина Саидова зебосанами 25-солаи шоу-бизнеси Тоҷикистон аст ва муаллифи

Файзиниссо Воҳидова.
Файзиниссо Воҳидова.

​Дар идома пас аз «соҳибхоназани олимақом” - Парвина Саидова «тоҷирзан - Манижа Ҳаитова», «Садои ҳақиқат - Файзинисо Воҳидова» ва «Симои мӯди тоҷик - Макнуна Ниёзова» зикр гардидаанд.

Қаблан худи Парвина дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ гуфта буд, ҳатто тасаввур намекард, ки “метавонад аз сари гаҳвора то ба шоу-бизнес роҳ меёбад”. Аммо ӯ пас аз боз кардани саҳфаи худ дар ин шабака ва гузоштани чанд акси худ таваҷҷӯҳи мутасаддиёни шоу-бизнесро ба худ ҷалб кард.

Раддабандии занони маъруфи тоҷик дар шабакаи Фейсбук аз сӯи платформаи байналмилалии блоггерии мавсум ба " Global Voices" бори нахуст ва ин ҳам дар арафаи иди Модарон анҷом шудааст.

Бо вуҷуди ин, тарҳи мазкур аз сӯи бархе корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук хуш пазируфта нашуд, зеро онҳо мегуфтанд, мебоист дар ин раддабанди дигар занҳои тоҷик, ки қаҳрамониҳои зиёд кардаанд интихоб мешуданд. Аммо муаллифи ин раддабандӣ Абдуфаттоҳ Шафиев мегӯяд,назарҳо мухталиф буда метавонад, “аммо меъёри

Манижа Ҳайитова
Манижа Ҳайитова

интихоб чунин буд, ки таъсиргузории Фейсбук ба карйераи ин бонувон, таъсири худи ин бонувон дар гарм нигаҳ доштани фазои маҷозӣ дар Фейсбук ва шуҳратёр будани онҳост.

“Дар баробари он чанд назарҳои негативе, ки шумо ҳам зикр кардед, ман шоҳиди ба маротиб бештари назарҳои мусбат будам. Садҳо нафарро дидам, ки ин бонувонро табрик мегуфтанд, як журнали мӯди итолиёвӣ мехоҳад бо яке аз ин бонувон ҳамкорӣ кунад, дигареро Global Voices ба ҳайси чеҳраи асосӣ дар “Снапчаташ” истифода кардааст, дар бораи саввумӣ имрӯз тамоми расонаҳои Тоҷикистон навиштаанд. Дар маҷмӯъ, хуш пазируфтанҳо ба маротиб бештар аз ранҷишҳои бархе ҳаст, ки худ ё дугонаҳои худро дар ин феҳраст надидаанд”-гуфт муаллифи ин тарҳ.

Макнуна Ниёзова.
Макнуна Ниёзова.

XS
SM
MD
LG