Президенти Украина Петро Порошенко гуфт, ҳолати низомӣ дар манотиқи марзии ин кишвар хотима меёбад. Ин қарор моҳи ноябр баъди аз ҷониби Русия ғасб шудани киштиҳои низомӣ ва ҳабси даҳҳо низомиёни украинӣ содир шуд. Порошенко дар ҷаласаи мақомоти сохторҳои интизомии кишвар рӯзи 26 декабр дар шаҳри Киев гуфт, ки бар асоси таҳлили вазъи амниятии кишвар ба чунин хулоса расид.
Баъди ҳодисаи аз ҷониби Русия ҳабс шудани низомиёну киштиҳои украинӣ дар гулӯгоҳи Керч, рӯзи 26 ноябр парлумони Украина дархости Порошенкоро дар бораи ҷорӣ кардани ҳолати низомӣ пуштибонӣ кард. Маллоҳон дар боздошти Русия боқӣ мемонанд ва ба онҳо бар асоси моддаи убури ғайриқонуни марзи Русия ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА гуфтанд, ки ин амали Русия ғайриқонунӣ аст ва аз Маскав озодии билофосилаи маллоҳон ва киштиҳоро талаб карданд. Вале Русия ин иттиҳомотро қабул надорад.