Додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 25-уми декабр даъвои писари афсари пешини КГБ Андрей Плужниковро баррасӣ хоҳад кард, ки мегӯяд, "соҳиби воқеии расми Рембрандт аст".
Додгоҳи ноҳияи Яккасаройи Тошканд 21-уми ноябр Комил Юлдошевро 52 миллион сӯм (беш аз $6 ҳазор) ва Рафаэл Фузайловро 34 миллион сӯм ($4 ҳазор) барои ҳаннотии асари марбут ба Рембрандт ба нафъи давлат ҷарима кард.
Андрей Плужников, муҳандиси 50-сола аз Тошканд мегӯяд, расми "15-миллионевроии Рембрандт ба ӯ тааллуқ дорад ва ӯ аз ҳуқуқаш дар додгоҳ ҳимоят хоҳад кард". Ба қавли Плужников, расм 50 сол дар хонаи онҳо нигаҳдорӣ мешуд. "Молики ягонаи ин расм ман ҳастам", - афзуд ӯ.
"Расм ба падари ман тааллуқ дорад, ки аз соли 1953 дар Кумитаи амнияти давлатии Узбекистон кор кардааст. Он аз падарам ба ман мерос мондааст. Расмро соли 2014 ба Комил Юлдошев, ки бо хариду фурӯши асарҳои ҳунарӣ машғул буд, додам, то дар музоядаи ҷаҳонӣ 12 миллион евро фурӯшад. Вале Юлдошев расмро гирифта, ғайб зад", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Плужников, ӯ соли 2014 ба Вазорати умури дохилӣ ва додситонии Узбекистон шикоят кард ва дар натиҷа парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 июни имсол расмро аз бағочи Рафаэл Фузайлов, ки мехост аз Тошканд ба Исроил сафар кунад, пайдо карданд. "Қурбонии ин ҷиноят шудам, вале ҳоло мақоми шоҳидро касб кардаам", - афзуд вай.
Сухангӯи Вазорати фарҳанги Узбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, коршиносони Sotheby's бо дархости онҳо ба Тошканд рафта, наққоширо аз ташхис гузарондаанд. "Бар пояи хулосаи ташхиси онҳо, расм 15 миллион евро арзиш дорад ва он моликияти Узбекистон шумурда мешавад", - афзуд Аскархоҷаева.
Вале ба гуфтаи Плужников, "мақомоти Узбекистон мехоҳанд, расмро мусодира кунанд ва бинобар ин, дуруғ мегӯянд". "Бар пояи қоида, давлат бояд расмро аз ман бихарад", - мегӯяд ӯ.
Парвандаи мусодираи асари ҳунарӣ таҳти назорати Додситонии кулли Узбекистон қарор дорад.