Додгоҳи шаҳри Алмато субҳи 25 декабр баррасии парвандани куштори варзишгари маъруф Денис Тенро оғоз кард.
Дар курсии айбдорӣ се ҷавон Ормон Қудойбердиев, Нуралӣ Киясов ва Жанар Толибоева нишастаанд. Қудойбердиев ва Киясов дар "авбошӣ" ва "куштор" айбдор мешаванд. Толибоеваро ба он айбдор мекунанд, ки дар бораи куштор ба мақомот хабар надодааст.
Модари Денис – Оксана Тен, ки дар мурофиа ҳузур дошт, акс наворгирии худро манъ кард. Гумонбарон низ гуфтанд, зидди наворгирӣ ҳастанд ва додрас ҳам дархости онҳоро пазируфт.
Парванда аз 38 ҷилд иборат аст. Расонаҳо дар бораи ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи куштори варзишгар рӯзи 14 декабр хабар дода буд.
Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов 25 октябри соли равон хабар дода буд, ки тафтиши ин парванда ба поён расидааст.
Варзишгари маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли ҷорӣ дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро ба яғмо баранд.