Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

43 кушта ва 25 захмӣ. Поёни даргирии ҳаштсоата дар Кобул. ВИДЕО


Даргирӣ бо ҳамлаварон ба бинои вазорати кори Афғонистон дар Кобул пас аз 8 соат поён ёфтааст. Ба гуфтаи мақомоти афғон дар ин ҳамла 43 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, ки 350 тан аз кормандони давлатиро аз ҷои ҳодиса берун кардааст.

Ҳамла ба бинои вазорати кори Афғонистон баъд аз зӯҳри душанбеи 24-уми декабр замоне рух дод, ки вақти корӣ поён ёфта буд ва кормандон ба хонаҳояшон мерафтанд. Дар ин ҳамла, ки дар умум ҳашт соат давом кард, 25 нафар ҳам захмӣ шудаанд ва ба гуфтаи сухангӯи пулиси Кобул, ҳадди ақал яке аз кушташудаҳо корманди пулис мебошад. Ин даргирӣ бо кушта шудани ҳамлаварон поён ёфтааст. Аммо мақомҳои пулис мегӯянд, эҳтимол дорад шумораи кушташудаҳо афзоиш ёбад.

Ҳамлаи ахир 22-юмин ҳамлаи маргбор дар Кобул дар соли 2018 аст. Бар асари ҳамлаҳо дар пойтахти Афғонистон дар соли 2018 беш аз 500 кушта ва беш аз ҳазор захмӣ шудаанд.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки нерӯҳои амниятӣ се тан аз ҳамлаваронро куштаанд ва ҳамлавари чаҳорум худро мунфаҷир кардааст. Нерӯҳои амниятии афғон муваффақ шудаанд 350 тан аз кормандони давлатро аз утоқҳои ин вазорат берун кунанд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Чунин ҳамлаҳоро дар гузашта гурӯҳи Толибон ва "Давлати исломӣ" роҳандозӣ карда буданд.

Ҳамлаҳои хунини Кобул дар соли 2018

Ҳамлаи рӯзи душанбе, маргбортарин ҳамла дар Кобул тайи чанд моҳи гузашта мебошад. Дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ дар пайи як таркиш дар нишасти шуморе аз рӯҳониён дар пойтахти Афғонистон ҳадди ақал 55 нафар кушта ва ҳудуди 100 нафар захмӣ шуданд.

Ҳамлаи ахир 22-юмин ҳамлаи маргбор дар Кобул дар соли 2018 аст. Бар асари ҳамлаҳо дар пойтахти Афғонистон дар соли 2018 беш аз 500 тан кушта ва беш аз ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамла дар Кобул камаш 43 кушта бар ҷой гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Паёмади хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон

Хушунати ахир танҳо чанд рӯз пас аз он рух медиҳад, ки бино ба гузоришҳо, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба вазорати дифои он кишвар дастур дод барои хуруҷи ҳафт ҳазор сарбози амрикоӣ аз Афғонистон омода шавад.

Бархе аз таҳлилгарон ҳушдор додаанд, ки хуруҷи бахше аз нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мумкин аст бӯҳрони амниятӣ дар Афғонистонро печидатар кунад. Ҷанги Афғонистон тӯлонитарин ҷанге аст, ки Амрико даргири он шудааст.

Дар айни ҳол бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, хориҷ шудани ниме аз нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, "паёмадҳои баде" бар музокироти эҳтимолии Толибон бо ҳукумати Афғонистон ва муносибатҳои Вашингтон бо Кобул хоҳад дошт. Бинобар гузоришҳои нав аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, минтақаҳои зери назорати ҳукумати марказӣ торафт маҳдуд мешавад ва ҳукумат танҳо бар 55 дарсади қаламрави он кишвар тасаллут дорад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷузеф Донфурд, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико гуфтааст, маъмурияти низомии Амрико ба ҳамон шакли гузашта идома хоҳад дошт. Фармондеҳи маъмурияти ҳимояти қотеъ дар Афғонистон гуфтааст, онҳо ҳанӯз дастуре дар мавриди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG