Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси порлумони Гурҷистон қонуни "агенти хориҷӣ"-ро имзо кард


Шалва Папуашвилӣ
Шалва Папуашвилӣ

Раиси порлумони Гурҷистон Шалва Папуашвилӣ қонунро "Дар бораи шаффофияти таъсири берунӣ", ки мухолифонаш онро шабеҳи қонуни “агентҳои хориҷӣ”-и Русия меноманд, имзо кард.

Порлумони Гурҷистон дар пайи як раъйгирӣ "вето"-и президенти ин кишвар Саломе Зурабишвилиро ба қонуни мазкур бекор карда буд.

Ин қонуни баҳсбарангезро, ки боиси эътирозҳо дар Гурҷистон ва мухолифати созмонҳои ҳуқуқӣ шудааст, рӯзи 14-уми май вакилони порлумони Гурҷистон қабул карда буданд.

Бино ба ин қонун, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст. Норозиён онро тақлид ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия донистанд.

XS
SM
MD
LG