Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордод ва кафолати корфармо. Талаби нав аз муҳоҷирон дар Русия


Талаби санади нав аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Беш аз 60 муҳоҷири тоҷик дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳангоми номнависӣ дар Идораи муҳоҷирати Русия аз онҳо дархости корфармо ва қарордоди корӣ талаб шудааст.

Ин гурӯҳи муҳоҷирон ду сол боз дар хобгоҳе дар пойтахти Русия зиндагӣ карда, бори аввал бо чунин мушкил дучор мешаванд. Соҳиби хобгоҳ ҳам хостааст, талаботро риоя кунанд, вагарна дардисар хоҳад овард.

"Дар огоҳномае, ки дар девори хобгоҳ нашр шудааст ва мо онро дастрас кардем, барои муҳоҷирони қирғизу узбек панҷ талабот, вале барои шаҳрвандони Тоҷикистон шаш талабот зикр шудааст," – гуфт яке аз муҳоҷирон рӯзи 3-юми июн. Ба далели амниятӣ ному насаби мусоҳиби мо дар Русия нашр намешавад.

Тибқи ин санад, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, бар иловаи патенту сабтином, корфармо бояд тасдиқ мекунад, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон воқеан коргари ширкати ӯ ҳастанд ва замонат бидиҳад, ки “қонунҳои Русияро риоя мекунанд.” Ҳамзамон муҳоҷирони тоҷик бояд қарордоди кориро бо худ баранд.

Мақомоти Русия ҳанӯз ин мавзуъро шарҳ надодаанд, вале соҳиби хобгоҳе, ки дар он муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, тасдиқ кард, ки талабот танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон рабт дорад.

Маъмулан раванди дар қайд гузоштани муҳоҷиронро дар Русия соҳибони хобгоҳ ё соҳибони хонаҳои иҷора анҷом медиҳанд. Соҳиби хобгоҳ гуфт, дар Идораи муҳоҷират гуфтаанд, ин қоидаи навро ҳамчун чораи эҳтиётӣ пас аз ҳамла ба “Крокус Сити” ҷорӣ кардаанд.

Дар қонуни Русия дар бораи муҳоҷират низ ишорае ҳаст, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират барои мутмаин шудан ҳақ доранд, барои тасдиқи ҷои кору зиндагӣ аз коргарони хориҷӣ санади бештар талаб кунанд.

Пас аз ҳамла ба толори “Крокус” дар моҳи март, ки 12 тоҷикро дар он гумонбар карданд, мақомоти Русия фишорро болои муҳоҷирони тоҷик афзоиш доданд. Дар се моҳи охир садҳо муҳоҷирро аз Русия ихроҷ карданд ва ба ҳазорон нафари дигар иҷозаи вуруд надоданд.

XS
SM
MD
LG