Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия аъзои “Ҳизб-ут-Таҳрир” ба зиндон маҳкум шуданд


Мурофиаи додгоҳии чаҳор тотори Қрим. Симферопол, соли 2016
Мурофиаи додгоҳии чаҳор тотори Қрим. Симферопол, соли 2016

Додгоҳи низомии Қафқози Шимолӣ чор тотори Қримро барои ширкат дар фаъолияти созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир” гунаҳгор эълон кард. Маҳкумшудаҳо барои роҳандозии фаъолияти ин созмони мамнӯъ дар қаламрави шаҳри Боғчасарои минтақаи Қрим муҷрим дониста шуданд.

Додгоҳ ин нафаронро инчунин дар талоши ғасби қудрат гунаҳгор кард. Бар асоси қарори додгоҳ аз рӯзи 24 декабр, Ремзӣ Меметов, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, ҳамроҳ бо Рустам Абилтаров ва Зеврӣ Абсеитов ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуданд. Энвер Мамутов, ки ӯро муассиси гурӯҳи “Ҳизб-ут-Таҳрир” дар Боғчасарой номиданд, ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Ин се нафар ба Қрим аз Узбекистон рафтаанд.

Чор маҳкумшуда ба узвияти созмони мамнӯи динӣ соли 2016 боздошт шуданд. Баъди ғасби нимҷазира дар соли 2014, мақомоти Русия дар қаламрави ин минтақа дар манзили тоторҳои Қрим санҷишу тафтишҳо барпо карданд.

Тафтишот гуфт, ки Мамутов ҳамроҳ бо дигар маҳкумшудаҳо нақшаи барканор кардани ҳукуматро таҳия мекард. Антон Наумлюк, хабарнигори Радио Свобода, ки дар мурофиа ширкат кард, мегӯяд, ки иттиҳоми додситонҳо бар асоси шаҳодати се шоҳиди махфӣ ва як санҷише таҳия шудааст, ки бо фармоиши ФСБ баргузор шуд.

Ҳамаи маҳкумшудаҳо иттиҳоми воридаро эътироф накарданд ва гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ ба созмони террористӣ рабте надоштанд. Онҳо мехоҳанд, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунанд. Барои пуштибонии ин чор нафар ба додгоҳ даҳҳо тоторҳои Қрим омаданд.

XS
SM
MD
LG