Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили зиндонии қирғиз аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳрум шуд


Вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу, ки бо гумони қочоқбарӣ боздошт ва дар маҳбаси шаҳри Алмаатои Қазоқистон нигаҳдорӣ мешавад, аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳрум ва шиносномааш бекор гардид. Дар ин бора рӯзи 22 декабр бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар додгоҳ вай ба ҳайси шаҳрванди Қирғизистон ҳозир шуд.

Асилбек уулу аз зумраи 29 гумонбарест, ки 15 ва 16 феврали соли равон дар натиҷаи як амалиёти муштараки мақомоти қудратии Қазоқистон дар вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ, Ҷамбул ва шаҳри Алмаато бо ҷурми қочоқи мол боздошт шуданд. Яке аз онҳо Дамирбек Асилбек уулу, вакили порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Қирғизистон" буд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пештар гуфта буд, ки Асилбек уулу шиносномаи қазоқӣ дорад. Вале наздикону пайвандони Асилбек уулу хабари шаҳрвандии дуввуми ӯро бофта номиданд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон 16 апрели соли равон мандати вакилии Дамирбек Асилбек уулуро ба далели доштани шаҳрвандии Қазоқистон бекор кард. Баррасии парвандаи вакили пешини қирғиз дар додгоҳи Алмаато 19 октябри соли ҷорӣ шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG