Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суруди нави президенти Туркманистон. Ин бор бо забони олмонӣ


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов боз ҳамроҳи наберааш Каримгулӣ ба саҳна баромада, ин бор суруди нави эҷодкардаашро бо се забон иҷро карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои расмии Туркманистон, таронаи "Орзу"-ро президенту наберааш 21-уми декабр дар чорабинии бахшида ба Соли нав дар маркази "Мизон"-и Ишқобод суруданд. Матни сурудро президенти Туркманистон навишта, наберааш Бердимуҳаммадови хурдӣ ба он оҳанг бастааст.

"Бо сабки замонавии худ фарқ мекард ва бо се забон -- туркманӣ, англисӣ ва олмонӣ иҷро шуда, бо оҳангу калимаҳои зебояш ба дили тамошобинон роҳ ёфт", - навиштааст расонаи расмии "Туркманистони Асри Тилоӣ".

Дар барномаи консертии президенту наберааш аъзои ҳукумат, порлумон, намояндагони мақомоти низомиву ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, дипломатҳои хориҷиву дохилӣ ва ҳунармандон иштирок доштанд.

Баҳори соли равон низ суруди "Қарақум" дар иҷрои президенти Туркманистон "вокунишҳои гарм" ба бор оварда, мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои расмӣ қарор гирифту ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ роҳ ёфт. Пеш аз ин, суруди дигари ӯ "Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, Туркманистони азиз!" барои он ки дар як вақт онро беш аз 4 ҳазор одам хонданд, шомили Китоби рекордҳои Гиннес гашт.

XS
SM
MD
LG