Додситони кулли аёлати Ню-Йорк Барбара Андервуд эълон кард, ки бунёди хайрияи президент Трамп бинобар амалиёти ғайриқонуни молӣ баста мешавад.
Андервуд президенти ИМА Доналд Трамп ва се фарзанди калониашро ба он айбдор кард, ки пули бунёдро бо ҳадафҳои шахсӣ ва сиёсӣ истифода бурдаанд. Вакили дифои бунёди Трамп додситонро ба кӯшиши сиёсӣ кардани парванда айбдор мекунад.
Қазияи бунёди Трамп яке аз парвандаҳоест, ки дар робита ба амалҳои президенти ИМА ва аъзои хонаводааш тафтиш мешаванд. Бузургтарини ин парвандаҳо тафтиши робитаи эҳтимолии масъулони ситоди интихоботии Трамп бо Русия аст. Бозҷӯиро сардори пешини Бюрои федеролии тафтишот Роберт Мюллер раҳбарӣ мекунад.
Барбара Андервуд афзуд, ки тафтиши парвандаи зидди Трамп ва фарзандонаш Доналди хурдӣ, Иванка ва Эрик идома хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи додситон, сухан аз мавридҳои ҳайратовари беқонунии марбут ба бунёди Трамп меравад. Ин ҳолатҳо ҳамоҳангии ғайриқонунӣ миёни бунёд ва маъракаҳои президентӣ, созишҳои батакрору барқасдона дар дохили бунёд ва ҳолатҳои дигар буданд.
Ба гуфтаи Андервуд, бар асоси ҳолатҳои ошкоршуда бунёди Трампро метавон ба "дафтарчаи чек"-е монанд кард, ки хонадони Доналд Трамп барои пардохти манофеи корӣ ва сиёсияш истифода мекард.