Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин ба мушовирон: "Рэп бояд назорат шавад"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки мусиқии рэп бояд контрол ё назорат шавад. Путин ин гапро рӯзи 15-уми декабр дар суҳбат бо мушовирони фарҳангии худ дар Кремлин баён кардааст.

Раиси ҷумҳури Русия аз афзоиши маҳбубияти мусиқии рэп дар миёни ҷавонони кишвараш иброзӣ нигаронӣ дорад. Ӯ гуфтааст, “рэп бар се асл устувор аст ва онҳо масоили ҷинсӣ, маводи мухаддир ва эътирозанд”.

Владимир Путин
Владимир Путин

Изҳороти Владимир Путин дар ҳолест, ки ба тозагӣ як риштаи консертҳои мусиқии ҳунармандони номдор дар Русия лағв шудааст. Гуфта мешавад, ин ҳунармандон ноумедии сиёсӣ ва иқтисодии ҷавонони Русияро инъикос мекарданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Раҳбарони се маҳбаси Тоҷикистон иваз шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00
XS
SM
MD
LG