Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили постгоҳи андоз дар назди осиёбҳо. Соҳибкорон аз фишорҳо шиква доранд


Tajikistan – A stock of flour in a grocery in Dushanbe, 12Oct2009

Бархе аз соҳибкорон -- моликони корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд мегӯянд, аз рӯзи 7-уми декабр ба ин тараф мақомоти андоз дар назди корхонаҳои онҳо постгоҳ ташкил кардаанд ва ба онҳо фишор меоранд.

  • Ин соҳибкорон мегӯянд, амалкарди нозирони андоз бар хилофи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мораторияи санҷиши соҳибкорон ва Кодекси андоз аст. Аммо мақомоти андоз мегӯянд, постгоҳҳо барои назорати ҳаҷми воқеии истеҳсоли орд ва пешгирӣ аз рӯйпӯш кардани андозҳо ташкил дода шудааст.
Гурӯҳи соҳибкорон аз Суғд талаб намуданд, ки постгоҳҳои ба гуфтаи онҳо "ғайриқонунӣ", бардошта шаванд.

Мақомот: "Постгоҳҳо барои назорат аст"

Обид Муҳаммадсаид, як мақомдор дар Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дидбонгоҳҳо на дар корхонаҳои истеҳсоли орд, балки дар нуқтаву анбори қабули гандум аз вагонҳои роҳи оҳан гузошта шудааст.

Яке аз корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд
Яке аз корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд

Ӯ гуфт, "мо дидбонгоҳҳои андозро дар корхонаҳои коркарди орд нагузоштаем. Дидбонгоҳҳои мо дар терминалҳои қабули маҳсулоти гандумӣ таъсис ёфтааст. Сабаби гузоштани ин дидбонгоҳҳо дар он аст, ки мувофиқи маълумот, воридоти гандум ба кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад афзуд, аммо коркард тибқи нишондоди корхонаҳои ордбарорӣ 10 дарсад кам шуд. Ин миқдор гандуме, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, дар куҷо коркард мешавад?"

Ҳадаф аз ташкили чунин постгоҳҳо аз ҳисоби нозирони андоз, ба гуфтаи Обид Муҳаммадсаид, танҳо ин аст, ки ширкатҳои воридкунандаи гандум ба Тоҷикистон моли овардаи худро дар дохили кишвар ба кадом корхонаҳо таҳвил медиҳанд, дуруст дар ҳуҷҷатҳо зикр кунанд. "Мо аз ин бештар аз соҳибкорон чизе намехоҳем", - таъкид кард ӯ.

Рӯйхати навбатдории нозирони андоз дар назди коргоҳҳо
Рӯйхати навбатдории нозирони андоз дар назди коргоҳҳо

Ин мақоми андоз гуфт, боис ба нигаронист, ки солона ба кишвар беш аз 1 миллион тонна гандум ворид мешавад, "вале мувофиқи маълумоти муҳосибӣ, ки корхонаҳои истеҳсоли орд ба мақомоти андоз пешакаш мекунанд, аз ин миқдор гандум гӯиё танҳо 25 дарсад коркард ва орд мешавад, ки ин дурӯғи маҳз аст", - иброз дошт Обид Муҳаммадсаид.

"Дастури раёсати андоз мухолифи фармони презедент аст"

Аммо моликони ҳадди ақал 8 корхонаи истеҳсоли орд дар вилояти Суғд дар суҳбатҳои алоҳида ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз 7-уми декабр инҷониб дар назди даромадгоҳи корхонаҳо постгоҳи шабонарӯзӣ ташкил карда, фаолияти мӯътадили корхонаҳоро дучори мушкил кардаанд.

Дар исботи гуфтаҳои худ соҳибкорон чанд аксеро аз даромадгоҳи як корхонаи истеҳсоли орд аз ноҳияи Бӯстони вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ фиристоданд. Дар ин аксҳо дида мешавад, ки корманди андоз дар даромадгоҳи ин корхона нишастааст. Соҳибкорон ҳамагӣ таъкид доранд, ки ин дастури раёсати андози вилояти Суғд ба фармони президент дар бораи мораторияи санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ ва Кодекси андоз мухолиф аст.

Яке аз моликони корхонаҳои истеҳсоли орд дар Тоҷикистон, бидуни зикри номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар фишори мақомоти андоз ба ҳамин минвол идома кунад, коркарди гандум дар дохили кишвар судовар нахоҳад буд ва соҳибкорон, аз ҷумла ӯ маҷбур мешаванд фаъолияташро қатъ кунанд.

"Агар ҳамин хел идома кунад, мисли чанд соли пеш аз хориҷа гандум овардаву дар инҷо коркард кардан фоидовар намешавад. Ҳама соҳибкорон боз ба овардани орди тайёр аз Қазоқистон шурӯъ мекунанд. Дар ин ҳолат ҳудуди 2 ҳазор одам бекор монда, соҳибкорон корхонаҳои худро ба Узбекистон, Қирғизистон ва ё худи Қазоқистон мекӯчонанд. Аммо мо ҷонибдори рушди кишвари худ ҳастем ва мехоҳем арзи мо то ба муҳтарам президент бирасад", - гуфт ӯ.

Нома ба Кумитаи сармоягузорӣ ва Вазорати саноат

Гурӯҳи соҳибкорон аз вилояти Суғд бо навиштани як номаи дастҷамъӣ ба унвонии раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ичунин, вазири саноат шикоят карданд. Онҳо талаб доранд, ки постгоҳҳои, ба гуфтаи онҳо, "ғайриқонунӣ" бардошта шаванд.

Дар ин нома соҳибкорон навиштаанд, мутобиқи фармони президенти ҷумҳурӣ аз 16-уми январи соли 2018 дар соҳаи истеҳсолот 2 сол мораторий эълон карда шудааст

Ҳамчунон соҳибкорон фармони раёсати андози вилояти Суғдро муғоийр ба талаботи моддаи 41-и Кодекси андоз мешуморанд, ки тибқи он танҳо дар корхонаҳое, ки:

  • молҳои зераксизӣ истеҳсол менамоянд;
  • қарзи андоз доранд;
  • ҳисоботҳои андозро мунтазам сифрӣ пешниҳод менамоянд;
  • маъданҳои фоиданок истихроҷ менамоянд

дидбонгоҳ ташкил кардан мумкин аст.

Аммо соҳибкорон мегӯянд, ширкати онҳо моли зераксизӣ истеҳсол намекунанд, аз андоз қарздор нестанд, боре эъломияи сифрӣ пешниҳод накардааанд ва ба истихроҷи маъдан машғул нестанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG