Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пардохти электронии андозҳо -- на ҳама сарфаҳм мераванд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ пардохтҳои электронии маблағи андозҳо шурӯъ шудааст, вале ба гуфтаи мақомоти ин ниҳод, андозсупорандагон то ҳол ба дурустӣ наметавонанд аз ин хизматрасонӣ истифода кунанд.

Тибқи гузоориши Бонки ҷаҳонӣ, соли 2016 андозсупорандаҳои тоҷик зимни таҳияи ҳисобот 5,6 миллион доллари зиёдатӣ масраф кардаанд ва ҳадафи роҳандозии низоми ҷадид, ҷилавгирӣ аз ин хароҷоти барзиёд унвон мешавад.

Пардохти андоз осон шудааст

Молики дӯкони тиҷоратӣ дар бозори "Фаровон" Абдуғаффор Шеракови 39-сола аз ду сол ба ин сӯ ҳисоботи фаъолияти худ ба Кумитаи андози Тоҷикистонро тавассути интернет ирсол карда, аз дидору сӯҳбат бо нозири андоз озод шудааст. Ин тоҷири тоҷик аз таҳаввулоти нав дар низоми пардохти андозҳо ҳам, ки баҳори имсол ҷорӣ шуд, хушҳол аст.

Мақомот дар 24 намояндагии кумита дар минтақаҳо ҳуҷраҳои махсуси дорои компютери ба интернет пайвастро насб кардаанд, то андозсупорандаҳо тавассути онҳо пардохти андозҳоро анҷом диҳанд.

Ӯ мегӯяд, пардохти андозҳо низ тавассути кортҳои бонкӣ роҳандозӣ шудааст ва ҳамакнун вақти худро барои ба бонк рафтану пардохти маблағ сарф намекунад. Вай афзуд, акнун хеле роҳат шудааст ва аз корти бонкиаш маблағи андозро ба Кумитаи андоз ирсол мекунад ва ҳисоботро тариқи интернет барояшон мефиристад.

"Агар чизеро нафаҳмидам, ба шумораи 151 занг мезанам ва бароям машварат медиҳанд. Имрӯз барои ворид кардани танҳо як иқтибос ба ҳуҷҷатҳоям ба Кумитаи андоз омадам. Вагарна, ду сол мешавад, ки бо нозири андоз ҳатто дидор надоштам",-афзуд вай.

Мушкилоти андозсупорандагон чист?

Дар маркази қабули зангҳои "151"-и Кумитаи андози Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамарӯза аз андозсупорандаҳои кишвар барояшон садҳо зангу дархостҳои электронӣ ворид мешаванд, ки асосан ба мушкили пардохти андозҳо марбут аст.

Вақте ба толори ин марказ ворид шудем, Диловар Касирзода, як мутахассиси ин ниҳод машғули посухдиҳӣ ба дархости андозсупоранда буд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вай гуфт, ки як сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз вай пурсидааст, ки барои пардохти электронӣ чӣ бояд кард.

Пардохти электронии андозҳо -- на ҳама сарфаҳм мераванд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Диловар Касирзода дар идомаи сӯҳбат гуфт, "маъмулан дар понздаҳ рӯзи аввали ҳар моҳ муштариҳои зиёде ба мо занг мезананд. Зеро, мӯҳлати пардохти андозҳо аст ва ҳоло андозсупорандаҳо аз тарзи дурусти истифодаи наҳваи пардохтҳои электронӣ бархӯрдор нестанд. Мо барояшон машварат медиҳем. Агар мушкили ҷиддитаре пеш ояд, бо мутахассисони шӯъбаҳо дар тамос мешавем ва сипас барояшон тавассути интернет посухи комил мефиристем".

Кумитаи андоз мегӯяд, роҳандозии хадамоти ҷадид ба хотири коҳиши хараҷоти барзиёди андозсупорандаҳо мебошад. Зеро, тибқи як гузориши соли гузаштаи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2016, андозсупорандаҳои Тоҷикистон барои пешниҳоди ҳисоботҳо ва пардохтҳои андозӣ дар умум 5,8 миллион доллари изофӣ сарф кардаанд. Бонки Ҷаҳонӣ мушаххас накардааст, ки ин маблағ ба унвони ришва сарф шудааст ва ё танҳо барои таҳияи асноди зарурӣ.

Давлатзода: "Кор осон шудааст"

Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 3-уми август гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ теъдоди андозсупорандаҳое, ки тавассути интернет ҳисоботи худро ба ин кумита пешниҳод мекунанд, ба беш аз 10 ҳазор нафар афзоиш ёфта, дар умум ба 70 ҳазор андозсупоранда расидааст.

Вай афзуд: "Дар сомонаи Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонӣ ҷорӣ карда шуд, ки бо истифода аз он шаҳрвандон имкон доранд аз 1-уми майи соли 2018 бидуни ташриф ба "Амонатбонк" тавассути кортҳои бонкии "Visa" ва "Корти миллӣ" маблағи андоз аз амволи ғайриманқул, андози замин, нақлиёт ва боҷи давлатиро пардохт кунанд".

Вале, ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, ҳанӯз теъдоди ками андозсупорандаҳо аз донишҳои муосири компютерӣ бархӯрдоранд ва дар аксар ҳолат онҳо ба ҳатто ба интернет дастрасӣ надоранд, то тавонанд аз ин хизматрасонии муосир истифода кунанд.

Раиси Кумитаи андоз хабар дод, ки ба ин манзур мақомот дар 24 намояндагии кумита дар минтақаҳо ҳуҷраҳои махсуси дорои компютери ба интернет пайвастро насб кардаанд, то андозсупорандаҳо тавассути онҳо пардохти андозҳоро анҷом диҳанд. Ҷаноби Давлатзода хабар дод, ки дар нимсолаи аввал дурнамои ҷамъоварии андоз дар Тоҷикистон 101,2 дарсад иҷро шудааст.

Аммо молики дӯкони тиҷоратӣ дар бозори "Фаровон" Абдуғаффор Шераков бар ин назар аст, ки ҳаҷми андозҳо дар Тоҷикистон хеле гарон аст ва имкон намедиҳад тиҷораташ тавсеа ёбад. Ин нуктаро бештаре аз соҳибназарон ва ҳатто сафирони кишварҳои хориҷӣ пайваста изҳор карда ва мегӯянд, ки гаронии андозҳо боиси аз сармоягузорӣ ба ин кишвар дилсард шудани ширкатҳои хориҷӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG