Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозгашт"-и НДС-и 18-дарсадӣ. Хӯрокворӣ ва таҳсилу манзил қимат мешавад. ВИДЕО


Аз соли нави 2019 дар Тоҷикистон муҳлати имтиёзи муассисаҳои хӯроки умумӣ ба поён мерасад ва моликони ошхонаву қаҳвахонаҳо муаваззаф хоҳанд буд ба ҷои 5 фоиз, 18 дарсад НДС супоранд. Муҳосибон мегӯянд, НДС-и 18-дарсадӣ метавонад нархи як табақ оши паловро, ки ба ҳисоби миён 15 сомонӣ аст, то ба 20 сомонӣ гарон кунад.

Нархи хона ва таҳсил ҳам баланд мешавад

Интизор меравад соли нави 2019 на танҳо барои муассиаҳои соҳаи хӯроки умумӣ, балки барои соҳаи сохтмон ва муассисаҳои таълимӣ низ гаронии андозро бо худ биёрад. Қарор аст андози ин арсаҳо ҳам аз 5 дарсад то ба 18 фоиз боло равад.

Бино ба гузориши солонаи Doing Business, Тоҷикистон аз лиҳози гаронии бори андозаш дар ҷаҳон дар ҷойи севум қарор дорад.

Тоҷикистон соли 2013 Кодекси нави андоз қабул кард ва тибқи он, меъёри андоз аз арзиши иловашуда то 18 дарсад боло бурда шуд, ки норизоятии чанде аз бахшҳо, аз ҷумла ширкатҳои хӯроки умумӣ ва мактабҳои хусусиро ба бор оварда буд. Соли 2014 Ҳукумати Тоҷикистон бо як тасмими хеш меъёри андоз аз арзиши иловашударо барои ширкатҳои таълимӣ, сохтмон ва хӯроки умумиро аз 18 дарсад то ба 5 поин бурда буд.

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон.
Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон.

Дар раёсати сиёсати андози Вазорати молияи Тоҷикистонрӯзи 12-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, то ба ҳол муасиссаҳои соҳаи маориф, сохтмон ва хурокӣ умумӣ аз рӯи меъёри паскардашуда андоз аз арзиши иловашуда пардохт мекарданд.

"То ҳол инҳо аз рӯи меъёри 5-фоиза андоз медоданд. Аммо қарори ҳукумат то соли нав ба анҷом мерасад. Аз соли нав онҳо бояд аз рӯи меъёри стандартӣ андоз супоранд. Меъёри стандартии Андоз аз арзиши иловашуда 18 фоиз андоз супоранд",-гуфт ҳамсӯҳбати мо дар ин раёсат.

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон як тарҳи тамдиди ин имтиёзро ҳам дар даст доранд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё Ҳукумат онро қабул мекунад ё не ва кадоме аз соҳаҳо шомили он мешавад.

Сокинон чӣ мегӯянд? Видео:

Назари мардум дар бораи "бозгашт"-и НДС-и 18-дарсадӣ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:59 0:00

"Маҷбурем нархро баланд кунем"

Дар ҳоле ки, дар айвонҳои ин вазоратхона суду зиёни НДС-ро бар мекашанд, Кумитаи андози Тоҷикистон моликони ширкатҳоро пешакӣ аз болоравии андоз огоҳ мекунад. Теша Зуҳуров, муассиси як ошхона дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нозирони андоз ба таври шифоҳӣ онҳоро дар мавриди ба истилоҳ ба маҷрои худ баргаштани НДС огоҳ карданд.

Дар сурати боло бурдани андоз, қимати маводи хӯрокворӣ низ боло меравад.
Дар сурати боло бурдани андоз, қимати маводи хӯрокворӣ низ боло меравад.

"Чанд рӯз пеш андози ошхонаро супоридем, ба мо гуфтанд, ки тайёр шавед, аз соли нав НДС 18-фоиза месопоред. Ҳамин сол нархи об, барқ қимат шуда буд, мо клиентҳоямонро аз даст надиҳем гуфта, нархи як табақи оши паловро қимат накарда будем. Ҳоло нишаста ҳисоб кардем, агар андоз ин хел шавад, маҷбурем нархро баланд кунем",-гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бинобар ҳисобҳои ӯ, нархи хӯроки аз ҳама пурхарид - оши палав дар ин сурат ҳудуди 20 сомонӣ хоҳад шуд.

"Мо кадом нархе изофа намекунем, чаро НДС супорем?"

Хӯроки умум танҳо соҳае нест, ки дар ростои НДС-и 18-дарсадӣ меистад. Мактабу муассисаҳои таълимии хусусӣ, литсейю гимназияҳо ва марказҳои омӯзишии бешуморе ҳам бояд ин андоз пардохт кунанд. Абдуфаттоҳ Ҳотамов, муассиси яке аз литсейҳои маъруфи Тоҷикистон, ки то ба ҳол даҳҳо шогирдони тавоное ба воя расонидааст, ки дар озмунҳои байналмиллалии илмӣ ғолиб омадаанд, мегӯяд, аслан намефаҳмад чаро мактабҳои хусусӣ бояд НДС супоранд.

"Андоз аз арзиши иловашуда ном дорад. Аммо мо, ки дар мактабҳо ягон чиз истеҳсол намекунем ва ё намефурӯшем, ки бар нархи он изофа кунему аз он андоз диҳем. Аслан намефаҳмам, ки чаро мо бояд НДС супорем. Вале агар меъёри он то ба 18 фоиз боло бурда шавад, кори мо боз ҳам душвор мешавад ва мумкин аст як қисми хонандагонамонро аз даст бидиҳем. Умедворам, ки ҳукумат ба ин чиз иҷозат намедиҳад"-, гуфт Ҳотамов.

Ин андоз барои мактабҳо низ ҷорӣ хоҳад шуд.
Ин андоз барои мактабҳо низ ҷорӣ хоҳад шуд.

Ин устоди варзида ва муассиси литсейи "Ҳотам ПВ" гуфт, президент дар чанде аз суханрониҳояш дар мавриди дастгирии мактабу донишгоҳҳои хусусӣ ҳарф зад ва аз ин рӯ набояд сиёсати андоз зидди гуфтаҳои сарвари давлат равона шавад. "Бинобар мушоҳидаҳои ман, сатҳи даромади волидайни хонандагонамон тайи чанд соли охир баланд нашудааст",- мегӯяд Ҳотамов.

"Ман инро ҳис мекунам. Агар андоз баланд равад, мо маҷбур мешавем нархи таҳсилро боло барем, нарх боло рафт, шояд бисёре аз падару модарон дигар имкони пардохти онро наёбанд ва фарзандашонро аз мактаби мо гиранд. Дар ин ҳолат мо хонандагонамонро аз даст медиҳем",-афзуд муассиси "Ҳотам ПВ".

Ҳотамов мегӯяд, дар Тоҷикистон андешаи шакл гирифтааст, ки гӯё мактабҳои хусусӣ даромади ҳангуфте доранд, ки комилан дурӯғ аст. "Ҳама пули таҳсилро ҳисоб мекунанд, намепурсанд, ки мактаби хусусӣ мизу курсӣ, тахтаи синф китобу журнал ва маводи лабораториро аз куҷо дастрас мекунад? Ҳама ин хароҷот дорад ва он маблағи волидон медиҳанд, тақрибан харҷи ҳамин мешавад".

Тоҷикистон севумин кишвари ҷаҳон аз лиҳози гаронии андоз

Сафӣ Носиров, муҳосиби таҷрибадори тоҷик мегӯяд, барқарор шудани НДС-и 18-дарсадиро бештар ширкатҳои сохтмонӣ ва мактабҳои хусусӣ эҳсос хоҳанд кард. Носиров мегӯяд, бештаре аз муассисаҳои хӯроки умумӣ даромади аслии худро аз андоз пинҳон мекунанд ва бинобар ин, пардохти андози 18-дарсадӣ барояшон чандон душвор нахоҳад шуд.

Пазируфта шудани ин пешниҳод аз сӯи ҳукумат, қимати хонаҳои навсохтро низ боло хоҳад бурд.
Пазируфта шудани ин пешниҳод аз сӯи ҳукумат, қимати хонаҳои навсохтро низ боло хоҳад бурд.

"Аммо ширкатҳои сохтмонӣ ва мактабҳо муҳосиботи дақиқтареро пеш мебаранд ва албатта ҷорӣ шудани андози 18-дарсадӣ боиси гарон шудани хонаҳои навсохт ва нархи таҳсил хоҳад шуд",-гуфт ӯ.

То кунун ҳам соҳибкорон ва моликони ширкатҳо дар Тоҷикистон аз баланд будани мизони андоз мегуфтанд. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ боло будани мизони андозбандӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба гузориши солонаи Doing Business, мизони андозбандии умумӣ (total taxrate), яъне таносуби байни фоида ва андозҳои мухталиф дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад ва Тоҷикистон аз лиҳози гаронии бори андозаш дар ҷаҳон дар ҷойи севум қарор дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG