Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирсаидов ҷаримаи додгоҳро пардохт кард


Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими КВН-и Тоҷикистон ҷаримаи бо ҳукми суд муқарраршуда ба маблағи беш аз 78 ҳазор сомониро ба фоидаи давлат пардохт кардааст. Ҷаноби Мирсаидов дар ин бора 12 декабр ба Радиои Озодӣ дар як мукотиба хабар дод. Ба гуфтаи вай, маблағи ҷарима 10 декабр пардохт шудааст. Вай афзуд, ки рӯзҳои наздик вакилони дифои вай ба додгоҳ аризаи нав дода, дархости пурра сафед кардани ӯро пеш мегузоранд.

Ин хабарро Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон низ тасдиқ карда, нусхаи расиди пардохти маблағи ҷаримаро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Охири моҳи октябр раёсати додгоҳи вилояти Суғд бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро дар бораи пардохти ҷарима ва ҳам бозбинии парвандааш дар зинаи назоратӣ рад кард. Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон ба иттифоқи вакили мудофеаш Бахтиёр Насруллоев рӯзи 13-уми сентябр аз додгоҳи Суғд расман хоста буданд, ки парвандаро аз нав баррасӣ ва Мирсаидовро "пурра сафед намояд."

Худи Мирсаидов баъди озод шудан аз боздошти 8-моҳа дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои исботи бегуноҳиаш то охир ва ҳатто то додгоҳи Гаага хоҳад рафт. Ӯ моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июли имсол бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август Мирсаидовро аз зиндон озод кард, аммо доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.

XS
SM
MD
LG