Президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар $5 миллиарди зарур барои бунёди девор дар марз бо Мексика тахсис наеёбад, фаъолияти ҳукуматро қатъ хоҳад кард.
Конгрессменҳои демократ ба ин иқдомиТрамп ва ҷудо шудани пули девор мухолифат доранд. Онҳо розиянд, маблағи бунёди девор чаҳор баробар камтар аз талаби Трамп (1,3 млрд доллар) бошад.
Таҳдиди Трамп баъди мулоқоти ӯ бо раҳбарони Ҳизби демократ дар палатаҳои Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ва Чак Шумер пахш шуд. Демократҳо мегӯянд, ки бо бунёди девор мухолифат доранд, вале аз чораҳои амниятӣ дар марз ҷонибдорӣ мекунанд. Агар ҳар ду палатаи Конгресс буҷаро ҷонибдорӣ накунанд, ниҳодҳои давлатӣ маҷбуранд, ки фаъолиятро қатъ кунанд.
Яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Трамп бунёди девор дар марз бо Мексика барои пешгирӣ аз мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ буд. Ӯ моҳи апрел ба нирӯҳои Горди миллии ИМА дастур дод, ки хати марзро аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳимоят кунанд. Дар ҳоли ҳозир, дар марзи чаҳор аёлати ҷанубу ғарбӣ беш аз ду ҳазор сарбози Горди миллӣ ҷойгир шудаанд.
Президенти ИМА моҳи август хабар дод, ки барои бунёди девори мазкур дар марз аз 5 миллиард доллар аллакай 3,5 миллиарди он ҷудо шудааст. Ба гуфтаи Трамп, бунёди девор дар баъзе аз минтақаҳо шумори муҳоҷирони ғайриқонуниро то 90 дарсад коҳиш хоҳад дод.