Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи анор - дар либоси нави роҳбаладони ширкати "Сомон Эйр"


Акс аз дафтари матбуоти ширкати "Сомон Эйр"
Акс аз дафтари матбуоти ширкати "Сомон Эйр"

Роҳбаладон ва ҳавонавардони ширкати "Сомон Эйр" аз 11-уми декабр фаъолияти худро бо либосҳои нави корӣ идома медиҳанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, ин либос бар асоси тарроҳии вижа омода шудааст.

"Либоси нави сурхранг, ки бо илҳом аз шакли миллии либоси тоҷикӣ таҳия шудааст, либоси қаблии ширкатро иваз мекунад. Либоси қаблӣ марҷонӣ ва нилобӣ буд", - омадааст дар хабари дафтари матбуотии ширкат.

Дар шарҳи рангҳо гуфта мешавад, ки "ранги сурх ҳамчун рамзи анор - рамзи эҳёшавӣ интихоб шудааст; анор бо риштаҳои тиллоӣ тасвир дода шуда, ба либоси роҳбаладон зебогии бештар медиҳад".

Бонувону мардони роҳбаланд метавонанд аз маҷмӯи либосҳои расмии таҳияшуда юбка ё шимро интихоб кунанд. Нимтана ва куртаҳои сафеди мардона аз матои пахтагӣ дӯхта шудаанд. Кулоҳи махсус ва гарданбанд ҳам як бахши дигари сарулибоси нави роҳбаландон мебошад.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

XS
SM
MD
LG