Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: ноиби-адмирал Игор Костюков раҳбари ГРУ таъин шуд


Ноиби-адмирал Игор Костюков

Ноиби- адмирал Игор Костюков раҳбари Идораи кулли Ситоди неруҳои низомӣ -истихбороти низомии Русия таъин шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС ва "Интрфакс" рӯзи душанбе бо такя ба манбаҳои худ хабар доданд. Таъини ӯ ба ин мақом охири ҳафта гузашта сурат гирифт,- гуфтааст манбаи "Интерфакс".

Костюков баъди марги генерал-полковник Игор Коробов дар таърихи 21 ноябр, дар мақоми иҷрокунандаи раҳбари истихбороти низомӣ фаъолият мекард.

Ба маълумоти матбуот, Костюков дар асл зимоми раҳбарии ин идораро тобистони гузашта дар ҳоле ба даст гирифт, ки Коробов гирифтори саратон шуд. Костюков дар ҷашни садсолагии ГРУ - рӯзи 2 ноябр Путинро пазируфт. Коробов дар ин маърака иштирок надошт.

Костюков ва Путин дар ҷашни садсолагии ГРУ
Костюков ва Путин дар ҷашни садсолагии ГРУ

Игор Костюков 57 сол дорад. Ӯ баъди хатми академияи Дипломатияи Низомӣ дар Идораи кулли истихборот хизмат кард. Костюков ба амалиёти низомии Русия дар Сурия бевосита раҳбарӣ кард ва ба унвони Қаҳрамони Русия мушарраф шуд. Ӯ бинобар эҳтимоли дахолаташ ба умури интихоботи президентии ИМА дар соли 2016, таҳти таҳримҳои Амрико қарор дорад.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Имтси Рӯшон дар аксҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00
XS
SM
MD
LG