Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як донишҷӯи туркман дар Бохтар зери чархи мошини корманди БДА ҷон бохт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) як донишҷӯ аз Туркманистон ба ҳалокат расидааст. Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 10-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мердан Ҳайдаров, донишҷӯи соли дувуми факултаи кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав буд. Ӯ зери мошини як корманди собиқадори идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ монда ва дар бемористон ҷон додааст.

Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса рӯзи 29-уми ноябр дар кӯчаи "Шаҳло"-и маркази вилояти Хатлон рух додааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ҳодиса бинобар "беэҳтиётӣ"-и корманди БДА сар задааст. Ҷасади Мердан Ҳайдаров рӯзи 30-юми ноябр ба зодгоҳаш шаҳри Марви Туркманистон интиқлол дода шудааст.

Наимҷон Ашӯров, декани факултаи кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфт, "донишҷӯи хуб ва оромтабиат буд, интизоми хуб дошт. Ин ҳодиса соати 5-и бегоҳ, баъди дарс рух додааст."

Ба гуфтаи мақомот, алайҳи корманди БДА, ки номи ӯ то ба ҳол эълон нашудааст, тибқи моддаи 202-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ", парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Тафтиши парвандаро Додситонии шаҳри Бохтар пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG