Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Тереза Мей ба вакилони порлумони Бритониё


Тереза Мей
Тереза Мей

Тереза Мей нахуствазири Бритониё мегӯяд, агар вакилони мардумӣ созиши кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо тасвиб накунанд, Бритониё ба як вазъи номаълуме рӯ ба рӯ мешавад.

Ӯ дар мусоҳибае, ки рӯзномаи “Мейл” рӯзи 9-уми декабр нашр кард, гуфтааст, тасвиб нашудани созиш маънии “бесуботии бузург” дар Бритониёро дорад. Ӯ бо муроҷиат ба вакилони мардумӣ гуфтааст, амалкарди онҳо сабаби интихобот мешавад ва дар ин сурат мумкин аст, “ҳеҷ хуруҷе аз Иттиҳодияи Аврупо сурат нагирад”.

Моҳи гузашта ҳукумати Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи шароити тарки Бритониё аз иттиҳодия дар моҳи марти соли оянда ба мувофиқа расиданд, вале созиш дар ин заминаро бояд порлумони Бритониё ҳам тасвиб кунад.

Аксари вакилони порлумон аз ҷумла аъзои Ҳизби Муҳофизакори Тереза Мей ҳам мухолифи созиш ҳастанд .аз ин рӯ мумкин аст, ки тасвиб нашавад. Вакилон мегӯянд, созиши мазкур ҳамчунон Бритониёро пойбанди Иттиҳодияи Аврупо нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG