Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони қазоқ барои "ҷиҳодиён" ҳукми тӯлонӣ хост


Даврон Булгимбоев
Даврон Булгимбоев

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон шаби 6 декабр баррасии парвандаи "ҷиҳодиён"-ро ба поён расонд, ки дар доираи он се шаҳрванди ин кишвар -- Алмат Жумагулов, Оралбек Омиров ва Кенҷабек Абишев дар даъват ба терроризм айбдор мешаванд.

Айбдоркунандаи давлатӣ Даврон Булгимбоев гуфт, тафтишот ва додгоҳ айби гумонбаронро пурра собит кард ва аз додрас хост, Жумагуловро 9 сол ва Абишеву Омировро 8-солӣ аз озодӣ маҳрум кунад.

Додрас пас аз баромади додситон танаффус эълом карда, иштирокдорони боқиро огаҳ кард, ки барои баромад кардан омодагӣ бубинанд. Қарор аст, субҳи имрӯз мурофиа идома ёбад.

Алмат Жумагулови 44-сола дар таблиғи терроризм ва барангехтани адовати миллӣ айбдор мешавад. Кенҷабек Абишеви 52-сола ва Оралбек Омирови 48-сола дар таблиғи терроризм айбдор ҳастанд. Айбдоршавандаҳо ин айбро рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Ҳар сеи гумонбарон тирамоҳи соли 2017 боздошт шуданд.

Як қатор созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Қазоқистон Абишев ва Жумагуловро маҳбусони сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG