Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ба ҳимояти Лев Пономарёв бархостанд


Лев Пономарев

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Русия аз ҳабси Лев Пономарев - фаъоли ҷомеаи маданӣ ба муҳлати 25 рӯз ибрози нигаронӣ доранд. Онҳо аз додгоҳи шаҳри Маскав даъват карданд, ки ҳангоми баррасии шикоят аз рӯи ин ҳукм меъёрҳои Конвенсияи Аврупоро дар бораи ҳимояти ҳуқуқи инсон ба инобат бигирад.

Зери номаи ҳимоят аз Пономарёв, раҳбари Гуруҳи Ҳелсинкии Маскав Людмила Алексеева, раҳбари бунёди "Шарикии иҷтимоӣ" Валерий Боршев, мудири маркази "Сова" Александр Верховский, раиси "Кумитаи зидди шиканҷа" Игор Каляпин, ҳамраиси ҳаракати "Садо" Григорий Мелконянст, узви шӯрои маркази ҳомии ҳуқуқи "Мемориал" Олег Орлов, раиси "Мемориал" Александр Черкасов ва мудири бунёди "Ҳукми ҷамъиятӣ" Наталя Таубина имзо гузоштаанд.

Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия Михаил Федотов гуфт, ки додгоҳ метавонист ӯро танҳо ҷарима кунад.

Пономарёви 77-сола ба хотири тарафдорӣ аз гумонбарони парвандаи "Ғурури нав" ва "Сетӣ" боздошт шуд.

Ҳомии ҳуқуқи рус гӯё дар бораи иқдоми худ дар Фейсбук навиштааст. Ӯро ба нақзи такрории қоидаҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ айбдор карданд.

Видеоҳои охирин

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG